10 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Намояндаи СБҶ: ташхиси коруно дар Тоҷикистон бояд 4 баробар бештар шавад

Намояндаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Тоҷикистон хосторои афзоиши теъдоди озмоиши корона дар ин кишвар шуд.

Бахтигул Қориева гуфтааст: Дар ҳоли ҳозир ҳар рӯз дар марказҳои дармонии Тоҷикистон аз 1000 нафар аз афроди гумонбар ба ибтило ба корона озмоиш гирифта мешавад, ки ин теъдод бояд 4 баробар афзоиш ёбад.

Вай таъкид кард, барои иҷроӣ кардани ин барнома бояд озмоишгоҳҳои мобилии корона дар минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон фаъол шавад.

Ӯ афзуд: Мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар ин бора бо Русия ва чанд кишвари дигар тавофуқ карданд.

Намояндаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Тоҷикистон гуфт: Ба дархости ҳукумати Тоҷикистон акнун чанд гурӯҳ аз матахассисони хориҷӣ дар ин кишвар ба кадри дармонии тоҷик роҳҳои беҳбуди сифати хизматрасонии беҳдоштӣ, пешгирӣ аз густариши корона ва тарзи анҷоми озмоишҳои мухталифро омӯзиш медиҳанд.

Ба гуфтаи намояндаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт, дар Душанбе дар пайи андешидани ин тадбирҳо теъдоди мубталоён ба корона дар Тоҷикистон дар муқоиса бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ тайи 20 рӯзи гузашта коҳиш ёфтааст.

36 000 қимати билет, 22 000 ҳақи

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *