Гурӯҳе аз донишмандон дар номае аз Созмони ҷаҳонии беҳдошт хостанд, ки бо таваҷҷӯҳ ба шавоҳиди мавҷуд мабнӣ бар интиқоли вируси ҷадиди коруно аз тариқи ҳаво дар тавсияҳои худ таҷдиди назар кунад.
Ҳушдори 239 нафар аз донишмандон аз 32 кишвари ҷаҳон дар бораи интиқоли навъи ҷадиди вируси коруно аз тариқи зарроти рез дар ҳаво дар ҳоле матраҳ мешавад, ки Созмони ҷаҳонии беҳдошт то кунун роҳи интиқоли аслии ин вирусро қатароти резе, ки аз бинӣ ва даҳони фарди мубтало хориҷ мешавад эълом кардааст. Нависандагони ин нома қасд доранд ҳафтаи оянда матни онро ба ҳамроҳи шавоҳиде мабнӣ бар интиқоли вируси ҷадиди коруно аз тариқи ҳаво дар як нашрияи илмӣ мунташир кунанд.
Созмони ҷаҳонии беҳдошт то кунун ба номаи ин гурӯҳ аз донишмандон вокунише нишон надодааст. Имзоъкунандагони ин нома аз Созмони ҷаҳонии беҳдошт хостаанд то ба нақши зарроти рези ҳаво дар интиқоли вируси ҷадиди коруно таваҷҷӯҳи бештаре нишон диҳад.
Ин ниҳоди вобаста ба Созмони милали муттаҳид то кунун бо такя бар ёфтаҳое, ки аз интиқоли навъи ҷадиди вируси коруно аз тариқи қатароти рези бинӣ ва даҳони фарди мубтало ҳикоят дошт, бар лузуми ҳифзи фосилаи як метрӣ бо афроди дигар ва шустушӯи мураттаби дастон таъкид кардааст.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи 239 донишманди имзоъкунандаи нома ба Созмони ҷаҳонии беҳдошт, зарроти ҳаво метавонанд вируси ҷадиди коруноро дар фосилае бисёр бештар аз як метр пахш кунанд.
Созмони ҷаҳонии беҳдошт пеш аз ин эълом карда буд, ки ба таври доимӣ дар ҳоли арзёбии роҳҳои интиқоли навъи ҷадиди вируси коруно аст ва ёфтаҳои ҷадид дар ин мавридро мунташир хоҳад кард.