9 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Русия ба содироти доруи зиддикоруноӣ шурӯъ кард

Расонаҳои русӣ хабар доданд, ки аввалин содироти доруи зидди коронавирус, ки дар Русия истеҳсол шудааст, шурӯъ гардид.

Тибқи иттилои Агентии иттилоотии русӣ Новости, Русия ба содироти доруи зиддивурусӣ, ки ба наздикӣ ба коркарди он шурӯъ карда буд, оғоз намуд.

Номи доруи мазкур “Авифавир” мебошад, ки аз ҷониби Фонди маблағгузориҳои бевоситаи Русия ва Маркази технологияи олии “ХимРар” истеҳсол гардидааст.

Маводи мазкурро Вазорати тандурустии Федератсияи Русия иҷозат додааст. Феълан содироти онро Русия ба Белорус ба роҳ мондааст.

Таъкид мешавад, ки дигар кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил низ ба ин маводи Русия ҳусни таваҷҷӯҳ зоҳир карданд.

Ҳамчунин дархостҳо аз бархе кишварҳои Аврупо, Амрикои лотинӣ ва ҷануби шарқии Осиё расидаанд.

Гуфтанист, дар охирҳои моҳи май “Авифавир” – маводи зидди вируси коронаро Вазорати тандурустии Русия тасдиқ карда буд. Он аввалин маводе буд, ки дар Русия коркард гардида, зидди инфексия равона шудааст.

Ташхисҳо нишон доданд, ки маводи мазкур ба паҳн шудани коронавирус дар бадани инсон монеа мешаванд. Баробари ин, мақомоти Русия изҳор доштанд, ки ба содироти маводи зидди коронавирус ва ваксина омода ҳастанд.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *