Дар шаш моҳ 134 нафар дар Суғд даст ба худкушӣ задаанд
Дар шаш моҳи соли 2020 аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар вилояти Суғд 134 ҳодисаи худкушӣ ва 26 ҳодисаи суйиқасд ба он қайд шудааст. Бино ба иттилои масъулини соҳа аз шумораи нафарони даст ба худкушӣ ва суйиқасди он зада 70 нафар мард ва 64 нафарашон зан будаанд. Инчунин аз шумули 70 нафар мардони худкуш 12 нафарашон ноболиғ ва аз 64 нафар заноне, ки чунин амалро содир кардаанд 11 нафарашонро занони ноболиғ ташкил медиҳад.
Аз рӯи таҳлили масъулини ҳифзи ҳуқуқи вилоят бештари ҳодисаи худкушӣ бо сабабҳои моҷарои оилавӣ, ҳолати ноустувории равонӣ ва тангии аз ҳад зиёди иқтисодӣ ба миён омада, нафароне ки даст ба худкушӣ мезананд роҳи халосӣ аз мушкилоти пешомадаро танҳо дар канда кардани риштаи умри худ мебинанд.
Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, рӯҳонии маъруфи шимоли Тоҷикистон, таъкид менамояд, ки худкушӣ дар ҷамъияте доман густардааст, ки беш аз 99 фисади онро пайравони дини мубини Ислом, яъне мусалмонон ташкил медиҳанд. Тибқи гуфтаи ин рӯҳонӣ, дини Ислом худкуширо маҳкум мекунад ва шахси ба ин амал даст зада муто биқи аҳкоми шариати поки Ислом гунаҳкор ҳисобида мешавад.
Мусозода ба сомонаи Пайк гуфтааст, яке аз сабабҳои дигари худкушӣ сатҳи пасти саводи динии мардум ва ноогаҳии ҷомеа аз асолати дини мубини Ислом мебошад. Дар дини Ислом ҳатто худкуштаро ҷаноза ҷоиз нест. Соҳиби ҷон Худованди аззаву Ҷалл мебошад. Аз ин рӯ, дар Қуръону аҳодис ва дигар санадҳои шариат касе, ки даст ба худкушӣ мезанад, ҷояш дӯзах аст.Ислом ҳамчун дини ором ва оромишдиҳандаи рӯҳу қалб шинохта шудааст ва табиист, ки мардум ба муллоҳо ҳамчун психолог эътиқод мекунанд.
Ҷомеашиносон сабаби ба бӯҳрони психилогӣ гирифтор шудани нафарони худкушро дар кам будани психологҳои касбӣ ва равоншиносон медонанд. Ба ақидаи онҳо дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва макотиби олӣ бояд омӯзиши фанни психология пурзуртар ва дар байни сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷоннок карда шавад. Ин амалҳо метавонад саҳти худкуширо коҳиш диҳад.