11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

ИМА: интихоботи парлумонии режими Асад номашрӯъ аст, мардум таҳти фишор раъй доданд

Морган Ортагус, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Амрико бо интишори баёнияе дар вокуниш ба интихоботи парламентии Сурия изҳор дошт: «Режими Асад рӯзи якшанбе гӯё интихоботи парламентӣ дар Сурия баргузор кард, ки ҳадафи он машрӯъ ҷилва додани иқдомоти худ дар баробари иддаоҳои тавтеаи Ғарб буд.»

Вай афзуд: «Аз замоне, ки Ҳизби Баъс дар Сурия дар қудрат аст интихоботи одилона ва озод дар ин кишвар баргузор нашуда ва интихоботи ахир низ аз он истисно нест.»

Ортагус гуфт: «Санадҳое вуҷуд доранд, ки масъулони сандуқҳо баргаҳои аломатгузоришуда ба нафъи Ҳизби Баъс дар ихтиёри раъйдиҳандагон қарор додаанд ва мо онҳоро дар даст дорем; Мардум таҳти фишор ба назди сандуқ рафтанд ва ҳарими хусусии раъйдиҳандагон риоят нашуд.»

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Амрико бо баёни инки беш аз як чаҳоруми ҷамъияти Сурия дар хориҷ аз ин кишвар ҳастанд, изҳор дошт: «Ба ин афрод ҳаққи раъй дода нашудааст.»

Ортагус таъкид кард: «Бояд интихоботи Сурия мутобиқи қатъномаи 2254 Шӯрои Амният Созмони Милал озодона ва одилона таҳти назорати ин созмон баргузор ва ба мухолифон низ ҳаққи ширкат дода мешуд. То замоне, ки режими Асад ин шароитро фароҳам ва иҷро накунад, ҷомеаи байналмилалӣ ҳамчунон ба ин интихобот машкук буда ва онро номашрӯъ медонад.»

Сӯхтор дар бозори «Деҳқон»

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *