Расонаҳои Эрон гузориш додаанд, ки Алӣ Лориҷонӣ, раиси собиқи Маҷлис, бори дигар ба коруно мубтало шуда ва дар бемористон бистарӣ гаштааст.
Хабаргузории тасним навиштааст, ки Лориҷонӣ ба далели «бурузи муҷаддади алоими коруно, дар яке аз бемористонҳои Теҳрон бистарӣ шуд.»
Лориҷонӣ дар моҳ март ва дар давраи ибтидои шуйӯъи вируси коруно дар Эрон ҳам ба COVID-19 мубтало шуда буд.
Дар он замон ӯ ҳанӯз раиси маҷлис буд ва баъд аз бурузи аломатҳо ва натиҷаи мусбати озмоиш ӯ муддате дар карантин буд.
Хабаргузориҳо навиштаанд, ки ҳоли умуми Лориҷонӣ баъд аз ибтилои дубора ба коруно «мусоъид» гузориш шудааст.
Алӣ Лориҷонӣ узви Маҷмаъи ташхиси маслиҳати низом аст ва дар ҳафтаҳои ахир номи ӯ дар иртибот бо мавзӯъи музокирот бо Чин дар бораи санади тавофуқи 25 сола бо ин кишвар ба унвони яке аз мақомҳои ғайридавлатӣ аммо бонуфуз дар ин гуфтугӯҳо матраҳ шуда буд
Омори маргумир бар асари коруно дар Эрон дар ҳафтаҳои ахир ба шиддат боло рафта, ки баъзе коршиносон далели онро шуйӯъи «мавҷи дуввум»-и коруно медонанд.
Вазорати беҳдошти Эрон дар бисёре аз манотиқ аз ҷумла Теҳрон, пойтахт, «вазъияти қирмиз» эълом карда ва аз мардум хоста тадобири беҳдоштӣ ва эминӣ аз ҷумла задани москро риоят кунанд.
Аз ибтидои шуйӯъи коруно теъдоде аз мақомҳои Эрон ҳам ба ин вирус мубтало шудаанд.
Рӯзи душанбе, 27 июл ҳам эълом шуд, ки Алӣ Рабеӣ, сухангӯи давлат ҳам ба КОВИД-19 мубтало ва дар бемористон бистарӣ шудааст.
Теъдоде аз намояндагони маҷлиси даҳум ва ёздаҳум ҳам ба ин вирус мубтало шуданд ва чанд нафар аз онҳо ҷони худро аз даст доданд..