Categories Хабарҳо

Хонаи фурӯшӣ дар Ҳоливуд. Аз духтари Каримов

Лола Каримова-Тиллоева ва шавҳараш Тимур Тиллоев фурӯши се хона дар Ҳоливудро, ки шаш сол пеш харида буданд, эълон карданд. Тавре хабаргузории Podrobno.uz, иттилоъ медиҳад, арзиши ин хонаҳо аз 6 то 6,5 миллион доллар аст.

Ин хонаҳо дар Ҳолливуд Ҳиллси Лос-Анҷелес тобистони соли 2014, бо арзиши умумии 16 миллиону 100 ҳазор доллар харидорӣ шуда буд.

Тибқи маълумоти расонаишуда, Лола Каримова, духтари собиқ раисҷумҳури Узбекистон Ислом Каримов ҳеҷ гоҳ дар хонаҳои харидааш зиндагӣ намекардааст. Дар солҳои охир, биноҳо баъзан ба иҷора дода мешудаанд.

Виллаи сеошёнаро қаблан ситораи пешини Ҳоливуд Реджи Буш ва дӯстдухтараш Ким Кардашян соҳиб шуда будаанд. Онҳо ин хонаро солҳои 2007-2014 моликӣ кардаанд. Хона лифт, кинотеатр, ҳавз ва санатория дорад. Ғайр аз он манзараҳои теппаҳои наздик ва Лос-Анҷелес метавон аз ҳавлӣ тамошо кард. Худи ҳамин виллаи калон ба маблағи 6,5 миллион доллар арзиш дорад.

Виллаи дуввуми Лола Каримова-Тилляева, ки бо услуби Марокаш сохта шудааст, каме арзон аст. Хона дорои 1200 кӯзаи шароб, ҳавлии пӯшида ва ҳаммоми юнонӣ мебошад. Он ба маблағи 6,4 миллион доллар арзиш дорад.

Хонаи хурдтаринро 6 миллион доллар тахмин мезананд. Он дорои ҳавзи назди ҳавлӣ ва оташдони кабобпазӣ мебошад.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *