11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Бинои Бонки миллиро ҳам мехоҳанд тахриб кунанд

Бинои Бонки миллии Тоҷикистон дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе тахриб шуда, ҳукумат дар ҷойи он сохтмони боғи навро ба нақша гирифтааст.

Чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи тахриби бинои Бонки миллӣ маълумот нашр шуда буд.

Дар Бонки миллии Тоҷикистон ба хабаргузории “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор доштаанд, ки онҳоро алҳол аз кӯчонида шудани бино огоҳ накардаанд.

Гуфтаанд, ки “Кай тахриб шудани бинои бонк ва холӣ кардани онро ҳоло хабар надодаанд. 

Ёдрас мекунем, ки овозаҳо дар бораи тахриб шудани бинои ҳозираи Бонки миллии Тоҷикистон кайҳост инҷониб ҷой доранд.

Ҳанӯз соли 2018 Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) паймонкорони ватаниву хориҷиро оид ба омода намудани лоиҳаи ангоравии бинои нави на камтар аз 16 ошёнагии бинои нави Бонк даъват карда буд.

Он замон зикр шуда буд, ки бинои нави Бонки миллӣ бояд муосиру ҷавобгӯ ба Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ва на камтар аз 16 ошёна бошад.

Сохтмони бинои ҳозираи Бонки миллӣ охири солҳои 80-ум оғоз гардида, нимаи дуюми солҳои 90-ум бинои сохтмонаш нотамомро Бонки миллӣ харидорӣ ва сохтмонашро анҷом дода, охири соли 2005 ба ин бино гузашт.

Бинои ҳозираи Бонки миллӣ дар хиёбони Рӯдакӣ майдони умумии 8400 метри мураббаъро фаро гирифта, аз панҷ ошёна иборат ва бо таҷҳизоти муосири электронӣ таъмин аст.

Дар он 70 ҳуҷраи корӣ барои 500 нафар кормандони бонк, якчанд толорҳои бузург барои баргузории машварату маҷлисҳо, ҳуҷраи тиббӣ, толори варзишӣ, толор барои истироҳати кормандон ва ошхонаи калон сохта шудааст.

Пештар аз ин, бинои Бонки миллии кишвар дар хиёбони Рӯдакӣ рӯ ба рӯи Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ воқеъ буд. Ин бино то ҳол дар ихтиёри Бонки миллӣ қарор дошта, дар он баъзе раёсатҳо фаъолият доранд.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *