Барои аввалинбор филми яке аз коргардонҳои тоҷик дар ҷашнвораи филми Англия намоиш дода мешавад.
Филми кӯтоҳи Шахсият ба коргардонии Камил Каримов , ба марҳалаи ниҳоии ҷашнвораи филми Англия роҳ ёфт.
Ромфурди Англистон мизбони дуввумин ҷашнвораи филми Авросиё дар соли 2020 аст.
Кумитаи баргузоркунандаи ҷашнвораи филм умедвор аст ,ки дар оянда ширкаткунандагони бештаре аз Тоҷикистонро бо корҳои фохир дар ин ҷашнвора бибинанд.
Дар ин ҷашнвора 60 филм ба забони англисӣ дар бахшҳои филмҳои баланд , кӯтоҳ ва мусиқии филм ширкат карданд.
Илова бар ширкаткунандагони тоҷикистонӣ , намояндагони кишварҳои Қазоқистон , Италия, Финландия , Иёлоти Муттаҳида , Беларусия , Суид , Олмон Эрон ,Қаттар , Украина , Арманистон , Русия ва Узбакистон ҳам осори худро ба ҷашнвораи филми Авесто ирсол карданд.
Маросими эҳдои ҷоизаҳо низ 18 август дар шаҳри Ромфурд баргузор мешавад.