Categories Хабарҳо

Боз як тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Мақомоти вилояти Бодканди Қирғизистон хабар дод, ки шоми 6 август дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз як тирпарронӣ рух додааст. Бино ба ин манбаъ, соати тахминан 19:30, дар мавзеи Жака-Оруқ дар наздикии деҳаи Кӯктоши ноҳияи Бодканд як сокини Қирғизистон аз рон ва пушти сараш тир хӯрда, ба бемористон интиқол дода шудааст. Вазъи саломатии ӯро миёнаи вазнин арзёбӣ мекунанд. Мақомоти Бодканд гуфтааст, ки сокини Кӯктошро аз ҷониби номаълум тир задаанд.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфт, ин хабарро таҳқиқ мекунанд, вале дар умум, вазъ дар марз бо Тоҷикистон таҳти назорат қарор дорад.

Деҳаи Кӯктош бо ҷамоати Чоркӯҳи Исфара ҳаммарз аст. Дар як рӯзи 6 август ин алакай дуюмин тирпарронӣ дар ин қитъаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон аст.

Қаблан маркази матбуоти сарраёсати қӯшунҳои сарҳадиии Тоҷикистон хабар дод, ки тахминан соати чори субҳи 6 август дар натиҷаи тирандозӣ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон шахси номаълум аз камони шикории Ваҳҳобов Воҳид Абдулҳаевич, соли таваллудаш 1955, сокини м.Сомониёни ҷ/д Чоркӯҳ, боғбони бригадаи №4-уми ҳамин ҷамоат аз тарафи пояш аз ҷониби қирғизҳо захмӣ шуда, ҳалок гардидааст. Марзбонони тоҷик хабар доданд, ки ҳамин тавр, дар минтақаи ҳамҷавор бо маҳаллаи Лангари Шоҳи Исфара лейтенанти калон Шер Кабиров, сардори дидбонгоҳи «Кӯктош»-и Қӯшунҳои Сарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон аз ҷониби шахси номаълум, ки аз силоҳи шикории тамғаи «ТОЗ-8» истифода намудааст, захм бардоштааст. Хадамоти марзбонии Қирғизистон захмӣ шудани як марзбонашро тасдиқ кард ва гуфт, ӯро аз ҷониби Тоҷикистон паррондаанд.

Дар пайи тирпаррониҳои субҳи 6 август музокироти байни намояндагони вилоятҳои Суғду Бодканд доир шуд. Ҷонибҳо қарор кардаанд, ки ин ҳодисаҳоро ҳар кадом мустақилона таҳқиқ кунанд.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *