Шӯрои амният дар остонаи раъйигирӣ барои тамдидӣ таҳримӣ таслиҳотиӣ Эрон аст. Дипломатҳо ба Рейтерз гуфтаанд пешнависи Амрико шонси тасвиб надорад. Сухангӯи давлати Эрон мегӯяд Амрико пас аз хурӯҷ аз Барҷом ҳаққи дахолат дар матни тавофуқро надорад.
Мӯҳлати таҳрими таслиҳотӣ алайҳи Ҷумҳурии исломӣ таърихи 19 октябр тамом мешавад. Ин мӯҳлаӣ ба қатънома 2231 Шӯрои амният бастагӣ дорад, ки мегӯяд таҳрими таслиҳотӣ бояд ҳадди аксар панҷ сол баъд аз пазириши тавофуқи атомӣ поён ёбад. Аммо Амрико бо такя ба «собиқаҳои Ҷумҳурии исломӣ», хостори тамдиди ин таҳрим аст.
Пешнависи қатъномаи пешниҳодии Амрико қарор аст асри сешанбе 11 август (ба вақт Нию-йорк) дар Шӯрои амният ба раъй гузошта шавад. Чин ва Русия, ки ҳаққи вето доранд, бо ин қатъномаи пешниҳодӣ мухолифанд.
Се кишвари аврупоӣ (Биритониё, Франса ва Олмон) низ кӯшидаанд Чин ва Русияро ба тарҳе тарғиб кунанд, ки на тамдиди таҳрим бошад ва на лағви он. Амрико хоҳони тамдиди номаҳдуди таҳрим аст, аммо аврупоииҳо бо таъкид бар пойбандӣ ба Барҷом, пешниҳоди идомаи таҳрим то сол 2023-ро додаанд.
Ба гузориши хабаргузории Рейтерз талошҳои намояндагони Аврупо барои мусолиҳа бо Чин ва Русия то вопасин соъот муваффақ набудааст.
Як дипломати чинӣ дар Созмони милал ба Рейтерз гуфтааст: “густариши таҳрими таслиҳотии ба Эрон ба ҳар шакле хилофи мабнои қонунӣ аст ва талош барои ҳифзи тавофуқи ҳастаиро тазъиф мекунад”. Ин дипломат, ки Рейтерз аз зикри номаш худдорӣ карда, афзудааст, ки «Амрико ҳеҷ шонсе барои тасвиби қатъномаи пешниҳодӣ надорад».
Ба навиштаи Рейтерз таҳримҳои ҷадид бо механизми snap back (бозгашти тащримщо ба шакли аввала) боис мешавад, Эрон ҳар гуна ангеза барои маҳдуд кардани фаъолиятҳои ҳастаии худро аз даст бидиҳад. Ин хабаргузорӣ аз қавли як дипломати аврупоӣ менависад: “ҳадафи Амрико поёни тавофуқи атомӣ аст”.
Дар сурат фаъол шудан механизми snap back, тамоми таҳримҳои вазъшудаи Созмони милали муттаҳид алайҳи Эрон дубора иҷро хоҳанд шуд.
Ричард Гавон, мудири «гурӯҳи пешгирӣ аз буҳрон»-и Созмони милал мегӯяд эҳтимоли раъй овардани тамдиди таҳрими таслиҳотии Эрон «сифр» аст. Рейтерз аз қавли Гавон навишт: “ҳадафи Амрико аз ин талош фаъол кардани механизми snap back аст».
Пешнависи кунунӣ бояд ҳадди ақал 9 раъйи мусбат биоварад, аммо дар ин сурат Чин ва Русия метавонанд онро вето кунанд. Дар айни ҳол, маҳофили дипломатики Созмони милал ба Рейтерз гуфтаанд, ки пешнависи пешниҳодии Амрико, ҳимояти зиёде назди 15 узви шӯрои амният надорад ва касби ҳамин 9 раъй ҳам баид ба назар мерасад. Яке аз ин дипломатҳо гуфтааст: “ман ҳеҷ далеле барои роҳбурдҳои сареъи таҳримӣ дар ҷаҳон намебинам”.
Ричард Гавон низ мӯътақид аст, ки пешнавис «баҳонае барои густариш муноқиша дар бораи тавофуқи атомӣ аст».
Колли Крофт, сафири Иёлоти муттаҳида дар Созмони милал Ҷумҳури исломиро «давлати шумораи яки ҳомии терроризм» хонда ва гуфта, ки дар сурати лағви ин таҳрим, Ҷумҳури исломӣ «ба таслиҳоти модерн ва маргбор дастрасӣ ёфта ва онҳоро дар ихтиёри ташаккулҳои террористии худ дар минтақа ва ҷаҳон қарор хоҳад дод».
Крофт ба шабакаи «Фокс нюз» гуфт: “Русия ва Чин мунтазири фурӯши аслиҳа ба Эрон ҳастанд ва аз поёни таҳрими таслиҳотӣ алайҳи ҷумҳурии исломӣ баҳраманд мешаванд”.
Бар хилофи мухолифати Чин ва Русия, кишварҳои узви Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс дар номае ба Шӯрои амният аз тамдиди таҳрими таслиҳотии Эрон ҳимоят кардаанд.
Майк Помпео, вазири хориҷаи Амрико пас аз ин нома, дар пости твитерӣ навишт: “Шӯрои амният бояд байни таҷҳизи таслиҳотии террористҳо ва пуштибонӣ аз Халиҷи Форс якеро интихоб кунад”. Ў афзуд, ки Ховари миёна яксадо хостори таҳрими таслиҳотӣ алайҳи Ҷмҳурии исломӣ аст.
Алӣ Рабеӣ, сухангӯи давлати Эрон, дар посух ба хабарнигорон гуфтааст: “иқдоми Амрико қабл аз ин ки таҳдиди Эрон бошад, истифода аз созукори Шӯрои амният барои таҳдиди Шӯрои амният ва ба сухра гирифтани созукори чанд ҷонибагароӣ аст. Амрико мехоҳад бо истифода аз аҳроми Шӯрои амният алайҳ Шӯрои амният ва ниҳодҳои байналмиллалӣ ва созукорҳое чандҷониба иқдом кунад”.
Рабеӣ афзуд, ки нақзи қатънома 2231 ба «истеҳзо гирифтан»-и қавонини байналмилалӣ аст ва Амрико ба далели хурӯҷ аз Барҷом, ҳеҷ ҳаққе дар иртибот бо матни тавофуқ надорад.
Хабаргузории Фаронса низ пештар ба нақл аз дипломатҳо ва маҳофили наздик ба Шӯрои амният гузориш дода буд, ки қатъномаи пешниҳодии Амрико раъй нахоҳад овард.