Ширкати дорусозии Синуформ, созандаи яке аз ваксинаҳои зиддикоронавирусии Чин, ки дар ҳоли тайи марҳилаи ниҳоии озмоишҳои клиникӣ аст, баҳои ин ваксинаро ҳудуди 150 доллар эълон кард.
Лю Сзин Ҷин, раиси ин ширкати дорусозии чинӣ рӯзи чаҳоршанбе дар конфронси хабарӣ дар Пекин эълом кард, ки ваксина то поёни соли 2020 мелодӣ вориди бозор мешавад ва нархи он, ҳазор юан муодили 150 доллар ҳазина дорад.
Лю Сзин Ҷин афзуд: ин ваксина ба зудӣ марҳилаҳои поёнии озмоишро пушти сар мегузорад ва тибқи арзёбиҳое, ки сурат гирифта, қимати он барои дарёфткунандагон зиёд нест.
Лю Сзин Ҷин гуфт: лозим нест, ки ҳама як миллиарду 400 миллион нафар ҷамъияти Чин ин ваксинаро эм кунанд, аммо пешниҳод мешавад, ки донишҷуён ва ё касоне, ки дар шаҳрҳо машғули кор ҳастанд ваксина бизананд ва дар рустоҳо ва минтақаҳои дур аз шаҳрҳо, ки камҷамъияттар ҳастанд зарурате барои ин эмкунӣ нест.