11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Назари ду муовин ва як узви собиқи ҲСДТ дар бораи таҳрими интихобот

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ягона ҳизби мухолифи боқимонда дар кишвар аз ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ даст кашид. Дигар хурдтарин интригае дар ин маъракаи қаблан пуршӯри сиёсӣ вуҷуд надорад. Аммо чаро ҳукумат бо вуҷуди дар даст доштани тамоми васоили қудрат, ки пирӯзии ҳар рақиберо бар Эмомалӣ Раҳмон ғайриимко гардонидааст, рақиби заъифашро ҳам дар сабқат дидан намехоҳад?

Баъди аз саҳнаи сиёсии Тоҷикистон ронда шудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон — рақиби пурқудрати ҳизби ҳоким, интихобот дар кишвар маъниашро аз даст дода буд. Чун Ҳизби сотсиал-демократ ҳарчанд мухолиф аст тавоноӣ ва ҷойгоҳи ҲНИТ-ро надорад. Ин ҳизб ҳатто барои гаравпулии номзадҳо ва хароҷоти таблиғотӣ бо мушкил пул ба даст овард.

Вале ба ҳар ҳол ҳузури сотсиал-демократҳо дар интихоботи парлумонии имсол каме ба он тобиши рақобат дод. Билхусус ҷонибдории Паймони миллии Тоҷикистон аз ону даъвати чанд гурӯҳи мухолифи дигар ва баъзе фаъолони ҷомеъа шаҳрвандӣ аз мардум барои овоздиҳӣ ба ҳизби Зойиров, ҳади ақал маъракаи қаблазинтихоботиро то ҷое гарм кард. Ҳарчанд ба ҳади интихоботи қаблӣ нарасид, вале ҳади ақал интригаи хурде вуҷуд дошт. Аммо ба назар мерасад интихоботи раёсатҷумҳурӣ ба як маъракаи азо, ки ҳама хомӯшона меоянда бо садои паст изҳори ҳамдардӣ карда мераванд, шабоҳат хоҳад дошт. 

Албатта се ҳизби кисагӣ, ки номзадҳояшонро пешбарӣ кардаанд, мекӯшанд бо ваъдаҳои аҷибуғариб гармие ба ин маърака ворид созанд, аммо муваффақ намешаванд. Ягона вокунише, ки мардум ба баёнияву эълони онҳо нишон дод, истеҳзо аст. Бештари корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ зери хабарҳои номзад шудани руасои яке аз ҳизбҳои кисагӣ бо гузоштани аломати ханда вокуниш мекунанд. 

Сабаби ин истеҳзои мардум албатта танҳо кисагӣ будани ин ҳизбҳо нест. Ду нафари онҳо — Сайидҷаъфар Усмонзода ва Абдуҳалим Ғаффорзода бо ваъдаву амалкардҳои хандаоварашон дар интихоботи қаблӣ дар хотири мрадум мондаанд. Аввалӣ ваъда дода буд, ки дар Тоҷикистон 35 миллион ҷои корӣ бунёд мекунад, дуввумӣ бошад, новобаста аз он ки худаш номзад буд, аз мардум даъват кард ба Эмомалӣ Раҳмон овоз диҳанд. Дар амал ҳам ин садоқаташро нишон дод — дар варақа номи худашро хат заду овозашро ба Раҳмон ҳадя кард.

Ҳоло сотсиал-демократҳо ба ин натиҷа расидаанд, ки ширкат дар интихобот маънӣ надорад. Ин тасмими онҳо метавонад сабабҳои зиёди субъектививу объективӣ дошта бошад, ки қисме аз онҳо ё ҳамаашон дар якҷоягӣ ягона ҳизби мухолифи боқимонда дар кишварро аз рафтан ба интихобот мунсариф сохтааст. 

1. Аз қабл маълум будани натиҷаи интихобот;

2. Фишору таъқибҳое, ки дар ин авохир бо шиддат афзоиш ёфтаанд. Навиштаҳои ду-се моҳи ахири Маҳмурод Одинаев, яке аз муовинони раиси ҲСДТ нишон медиҳанд, ки мақомот фишор болои сотсиал-демократҳоро ба маротиб афзоиш додаанд;

3. Вуҷуд надоштани имкони ҷамъоварии имзо барои номзад. Фазои тарсу ҳарос то ҳаде боло бурда шудааст, ки дар гумон аст мардум барои номзадии мухолифин бо ному насабаш имзо гузорад;

4. Набудани имкони молии ширкат дар интихобот;

5. Шантажи ошкори мақомот аз раҳбарияти ҳизб. Мақомоте, ки наздикони мухолифини дархориҷбударо чун омили шантаж ва фишор бар онҳо истифода мекунанд, метавонанд ҳамин корро алайҳи мухолифини дохил кунанд. Бо таъсири бештар. Аз баёнияҳои Маҳмурод Одинаев бармеояд, ки карда ҳам истодаанд. 

Ӯ дар посух ба суоли Паём гуфт, ки сабаби асосии таҳрими интихобот аз тарафи ҲСДТ набудани адолати иҷтимоист.  

Аммо Шокирҷон Ҳакимов, муовини дигари Зойиров ба ин тасмими раиси ҳизбаш розӣ нест. Дар сӯҳбат бо Паём ӯ гуфт, ки пеш аз расонаӣ кардани ин эълонаш, Зойиров бояд чаласаи Шӯрои сиёсии ҳизбро даъват мекард, ки накард. 

Ӯ мегӯяд ҳарчанд натиҷаи интихобот аз қабл маълум аст, бояд ҲСДТ бо номзади худаш ба майдон меомад ва ин маъракаро ҳади ақал барои тарғиботи сиёсии ҳизб истифода менамуд.   

Аммо Алим Шерзамонов, раҳбари собиқи бахши ҲСДТ дар Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ҳоло муовини раиси ПМТ ба ин назар аст, ки тасмими Зойиров комилан дуруст ва саривақтист. Ӯ мегӯяд “ҳар нафари масъулиятшинос дар Тоҷикистон бояд бидонад, ки ин интихобот нест ва ширкат дар он аз мантиқ берун аст”.

Ба суоли Паём, ки оё дуруст аст саҳанро барои ҳизби ҳоким холӣ кард ва мунтазир буд, ки кай онҳо шароити интихоботи шаффоф ба вуруд меоранд, Шерзамонов гуфт, ки худи ҳамин тасмими даст кашидан аз ширкат дар интихобот дар шароити феълии Тоҷикистон фаъолияти сиёсӣ ва ба нафъи мардумсолорист. 

Посухи бештари онҳоро дар барномаи “Дидгоҳ” бубинед:

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *