Рубрики Хабарҳо

Русҳо дастгоҳи муайянкунандаи вирус дар ҳаворо ихтироъ карданд

Коргоҳи ба номи С.А. Звереви Красногорск дар ҳамоиши «Армия-2020»  таҷҳизотеро рӯнамоӣ кард, ки вирусҳои ҳаво, аз ҷумла вируси коруноро муайян мекунад. Гуфта мешавад ин нахустин чунин ихтироъ дар ҷаҳон аст.

Олимони рус таҷҳизотеро сохтанд, ки метавонад вируси корунои ҳаворо муайян кунад. Ба ин ихтироот доктори илмҳои тиббӣ, коршиноси ифексияҳои махсусан хавфнок Владислав Жемчугов баҳо дод ва гуфт, бо кӯмаки ин таҷҳизот барои ташхиси ҳаво, вобаста аз омилҳои гуногун аз 10 то 30 дақиқа лозим аст.

Таҷҳизоти «Детектор-БИО» — коркарди муштараки Маркази илмиву ташхисии ба номи Гамалеи Вазорати тандурустӣ мебошад.

Озмоиши давлатии таҷҳизот моҳи июни соли равон ба анҷом расид, феълан сертификатсияи он омода мешавад, таъкид мекунад мудири кулли коргоҳ.

«Мо омодаем, ки ин таҷҳизотро ҳангоми фармоиш зиёд истеҳсол кунем. Муҳим аст, ки ин таҷҳизот метавонад патогенҳои гуногуни ҳаворо муайян кунад, барои ҳамон онро метавон бо мақсадҳои шаҳрвндӣ ва амнияти биологӣ истифода бурд», — таъкид кард Новиков.

Доктори илмҳои тибб, пизишки рус Владислав Жемчугов таъкид кард, ки ихтироъкорони рус оид ба тахшиси ҳаво мукаммал мешаванд.

«Бояд қайд кард, ки таҷҳизоти тахшиси таркиби ҳаво бештар аз даҳ сол пеш ихроъ шуда, олимони зиёде бо роҳбарии Анатолий Андреевич Воробёв барои он Ҷоизаи давлатӣ гирифта буданд. Ин ихтироъҳо идома доранд. Ин ташхис хеле дақиқ ва сареъ аст. Барои мисол метавон қайд кард, ки  ин технология қодир аст, ки таркиби атмосфераи дигар сайёраҳоро ҳам муайян кунад. Фикр мекунам, ин таҷҳизотҳо зуд дар истеҳсолот ва истифода табиқ мешаванд»

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *