Салом, Эмомалӣ Шарипович!
Инак профсоюз номзадии туро ба мансаби президентӣ пешниҳод кард. Ҳамон ба ном ташкилоти ҷамъиятие, ки чандин сол боз дигар вазифаи аслии худро иҷро накарда, ба як ниҳоди фармонбардори ҳукумати ту табдил ёфтааст: бо ишораи ту амал мекунад ва дигар ҳеҷ манфиати меҳнаткашонро муҳофизат намесозад. Ва ҳатто боре ҳам барои болотар бурдани маош ва ё беҳтар кардани вазъи зиндагии кормандон пеши корфармоён, аз ҷумла корхонаҳои давлатӣ садояшро баланд намекунад. Ҳамон ниҳоди ҷамъиятие, ки номзадии туро барои панҷум бор роҳбари Тоҷикистон гардидан бевиҷдонона дастгирӣ мекунад. Бо ин кораш Профсоюзи Тоҷикистон мегӯяд: “Марҳамат, боз барои ҳафт соли дигар метавонӣ ҳуқуқҳои меҳнаткашонро бемалол поймол сози!”. Ин рафтори Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон муроҷиати бепӯстирӯёнаест ба меҳнаткашони тоҷик: “Хоҳед нахоҳед Эмомалӣ Раҳмон бо нақзи ҳама қонунҳои милливу байналмилалӣ боз президенти мо мешавад!”.
Барои ту ҳам дигар интихобот дар Тоҷикистон ҳамагӣ як воситаи қонунигардонии ҳукмронии ғайриқонуниат ҳасту халос. Мардум ва овози додааш ин ҷо ҳеҷ чизро ҳал намекунад. Намедонам чаро пули буҷаро беҳуда сарф карда, чун солҳои пешин интихоботбозӣ мекунӣ. Аз ҳоло маълум аст, ки ту боз президент “интихоб” мешавӣ. Агар мардум бар зидди ту овоз диҳанд ҳам, комиссияҳои овоздиҳиат онро дар протоколҳояшон ба тарафдории ту қайд мекунанд. Аздусар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ интихоботи туро эътироф нахоҳанд кард! Ту кайҳо туф кардаи ба рӯи халқи тоҷик. Солҳост касеро намемонӣ аз ту бипурсад, ки дар ин муддати тӯлонии (28 сол!) сари қудрат буданат чи қадар корхонаву ҷойҳои корӣ сохтӣ ва чи қадар тоҷикистониро аз азоби муҳоҷирати меҳнатӣ халос кардӣ. Ва боз ҳукуматат шарм надошта эълон мекунад, ки то соли 2023 шумораи муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон афзоиш хоҳад ёфт.
Боз як “интихобот” туро дар пеш аст ва боз худат худатро “интихоб” мекунӣ. Лекин ин дафъа бо тарсу ларз, бо нақзи рӯирости сарқонуну қонуни интихоботи президент. Бо тарс аз норозигии мардум, ки аз ҷабри ту ба дод омадаанд ва нақзи рӯирости озодиҳояшон ба сиёсат олудаашон кардааст. Боз бо ҳамон номзадҳои дурӯғин, ки чун актёрҳои ноӯҳдабаро бо фармони ту либоси “рақиби”-ро ба бар карда, барои зали холӣ нақш мебозанд! Ин мардум дигар медонад, ки барои бадбахтиҳояшон, барои хориву зориашон дар мулки мардум ки гунаҳкор аст. Акнун бо номи худату Рустамат алик-маликбозӣ дорӣ. Намедонам бо кадом пӯсти рӯи ғафс ин дафъа ҳам худатро барандаи “интихобот” эълон мекунӣ?
Журналисти варзида ва аз сиёсати диктатории ту ҷабрдида Раҷаби Мирзо дар яке аз мақолаҳои ҷадидаш ҳафтаи охир хеле дуруст қайд кардааст, ки ту ба ғайр аз интихоботи президентии соли 1994 дигар дар ҳеҷ яке аз интихоботҳои минбаъдиат (1999, 2006, 2013) рақиби сазовор надоштӣ. Ту аз ҳар рақиби арзандае мегурезӣ, зеро медонӣ, ки ҳангоми аввалин мубоҳисаи рӯирост пеши мардум шармандаат мекунад ва сухане барои ҷавоб гуфтан намеёбӣ (аз рӯи таҷрибаи интихоботи ахири президентии Украина, ҳарчанд туи кундзеҳну Парашенкаи сиёсатмадорро ҳеҷ наметавон бо ҳам муқоиса кард). Зеро имрӯз хиёнатҳои туву хешонатро мардум мӯ ба мӯ медонанд ва ин ҷиноятҳоро зери домани пургуноҳат пинҳон дошта наметавонӣ. Ту куҷову дар маъракаи пешазинтихоботӣ пеши чашми мардум бо рақибони сиёсиат мубоҳиса кардан куҷо! Бовар дорам имрӯз агар ҳар номзади воқеие (на ба мисли “номзад”-ҳое чун Абдуғаффор Ҳалимови “сотсиалист” ё Саидҷаъфар Усмонови “демократ”!) дар муқобили ту номнавис шавад, ҳама ба хотири аз ту халос шудан сарҷамъона интихобаш мекунанд. Чуноне дар Беларус бо Тихановскаяи соҳибхоназан рух дод, ки дӯстат Лукашенкаро водор сохтааст тариқи вертолет ва бо бронежилету автомат ба “корхонааш” ояд.
Ин “рақибони сиёсиат”, ки бо ҳеҷ ваҷҳ қудрати ҷамъ овардани 200 000 имзоро барои ба қайд гирифтани номзадияшон дар Комиссияи Марказии интихоботӣ , боз бешармона ба “саҳна” баромадаанд, ки “интихобот”-и туро алтернативӣ ҷилва диҳанд. Мақомоти маҳаллии иҷроия бо роҳнамоии бевоситаи кумитаи амният боз муаллимонро маҷбур мекунанд то барои дастгирии “номзад”-и фалшивиат Абдуҳалим Ғаффоров дар варақаҳои беном имзо ҷамъ овардаву хусаи пиру харобу гуруснаашро дар баробари ҷуссаи пиру фарбеҳу сери ту ҳамчун “рақиб” рост кунанд. Ин бечора бо пои ларзон, киссаи холӣ ва зери назорати қатъии кумитаи амният аз куҷо тоби рақобат бо туро дорад, ки аз дастгирии тамоми мақомоти молиявию қудративу бехатарӣ бархурдори.
Ту бо ин карру фарри шоҳонаат ва бо як армия хушомадгӯёну косалесони деҳотиат шояд бо ин олими шаҳрӣ ва ҳамаи “рақибон”-и дигарат сари як миз нишаста хӯрок хӯрданро ҳам ба худат эб набини. Бечораҳоро пеши мардум куни хар (аҳмақ) кардаи. Абдуҳалим Ғаффоров дар рафти “маъракаи пешазинтихоботӣ” ақалан барои шӯхӣ ҳам аз камбудиҳои сиёсатат ҳарфе зада наметавонад то нашаваду мардум яке бовараш кунанд. Баръакс, шояд Ғаффоров ин дафъа ҳам рӯзи интихобот номи худашро хат зада ба ту овоз медиҳад. Исмонов бошад шояд боз ҳам беномусона иброз дорад, ки писараш дар рӯзи интихобот на барои падари биологияш, балки барои падари маънавиаш — Эмомалӣ Раҳмон овоз хоҳад дод. Магар мазҳакаеро аз ин фачтар бофтан мумкин аст? Вале агар, берун аз шӯхӣ, бо ҳамин Абдуғаффор Ҳалимов ба дебати ҳақиқии телевизионӣ бароӣ, мутмаинам, ки бо як нӯл мезанадат.
Дирӯз Путин иброз дошт, ки бо хоҳиши Лукашенка дар ҳолати ба вайронкориҳо даст задани “гурӯҳҳои ифротӣ” дар чорчӯбаи давлати иттифоқие, ки Русия ва Беларус узви онанд, омода аст аз ҳисоби кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба Беларус равон кунад. Яъне, барои хунсо кардани эътирозҳои оромонаи мардуми худ алайҳи интихоботи пуртақаллубаш ин диктатор омода аст аз қувваи яроқноки Русия истифода намояд. Ва сарвари Русия ҳам омода аст барои ҳифзи чун худаш як диктаторе ба корҳои дохилии Беларуси соҳибистиқлол ғайриқонунӣ даходат кунад. Гӯё дирӯзакак буд, ки худи ҳамин Лукашенко аз кӯшиши Русия дар мавриди ноором кардани вазъияти пешазинтихоботии Беларус тавассути 33 аскарони машқдидаи рус бонги хатар зада буд.
Ман акнун сарфаҳм меравам, ки ба Шартномаи колективӣ (СНГ) ва Шартномаи Шанхай дохил шудани ту бо кадом мақсад будааст. Зинҳор барои ҳифзи мардуми тоҷик не. Танҳову танҳо барои ҳифзи қудрати худат. Барои имкони истифода бурдани нерӯҳои кишварҳои абарқудрат зидди мухолифинат, яъне боз ҳамон мардуми худат. Ман акнун дарк мекунам, ки чаро ту пеши аҳли ҷаҳон ин қадар саросемавор ҳама мухолифони сиёсиатро “террорист” ва “ифротгаро” эълон карди. Ва чаро мехоҳӣ исбот куни, ки Тоҷикистон ба лонаи терроризм мубаддал ёфта истодааст ва ҳабсхонаҳоятро аз мухолифини дар як они воҳид аз ҷониби судҳоят “ифротгаро” эълонгардида, пур кардаӣ. Бебало набуд, ки Русия ҳам рӯзҳои охир “чанд террористи эҳтимолии тоҷик”-ро дар кишвари худаш пурсарусадо “дастгир” кард. Яъне аз ҳақиқат дур нест, ки сенарияи эҳтимолиро бо пуштибони калашниковдорат якҷоя сохта истодаӣ. Мехоҳӣ бо кӯмаки қувваҳои хориҷӣ ба сари мардумат чормағз шиканӣ то тарсанду зидди ту норозигӣ накунанд. Дар соли 2018 вақте сари мардуми Бадахшон лашкар кашидӣ, Хитой рӯирост иброз дошт, ки омода аст дар доираи Шартномаи Шанхай гурӯҳҳои мусаллаҳашро ба Бадахшон ворид созад. Ва дар худи ҳамон шабу рӯз ҳалавона дар кишвар як ниҳоди нимаҳарбии сепаратистӣ ҳам таъсис додӣ, то дар ҳолати зарурӣ аз қувваи ҳарбии Хитой зидди мардуми “сепаратист”-и Бадахшон “қонунан” истифода барӣ. Ва акнун мебинӣ, ки “дастгири”-и ин “шарикат” бетамаъ набудааст ва дилпурона даъвои 45% замини Бадахшонро дорад.
Шоири муҳоҷири тоҷик Исфандиёри Назар дар шарҳи навиштааш зери бознашри як мусоҳибаи Одили Назар дар Фейсбук ибораи мувофиқеро нисбати ҳукумати ту истифода бурдааст: “ҳукумати калашникуфӣ”. Таърих хоҳ-нохоҳ ҳама чизро тадриҷан ба ҷои худ мегузорад. Аввал дӯстат Лукашенка рӯирост аз пулемёти сари китфат хотиррасон кард, акнун ба ҳукуматат ҳам лақаби дуруст ёфт гардид. Албатта шоире чун Исфандиёри Назар наметавонист беасос чунин хулосабарорӣ кунад. Худат як фикр кун. Тавассути калашникуфи ба дастат додаи хориҷиён ба сари қудрат омадӣ? Омадӣ! Ҳоло ҳам бо дастгирии бевоситаи истеҳсолкунандаҳои калашникуф сари қудрат ҳастӣ? Ҳастӣ! Ҳоло ҳам омодаи зидди мардуми худат қувваҳои хориҷиро дар доираи Шартномаҳои коллективӣ ва Шанхай истифода намоӣ? Омодаӣ! Дигар чияш монд? Чӣ гуна ҳукумати ту калашникуфӣ набудааст? То кай мумкин аст зери фишори ҳарбии абарқудратон болои мардуми худ ҳукумат кардан? Ё мехоҳӣ чун Лукашенка ба норозигии садҳазорнафараи мардум тамғаи “ифротгароӣ” задаву барои пахшаш Русияро даъват намоӣ? Ҳайфи ту!
Боз як нуктаи дигарро дар давраи пеш аз интихоботат мехоҳам ёдрасат кунам. Муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро. Бештар аз 1 миллион нафареро, ки бо хориву зорӣ ва азоби сангин дар сармои Русия меҳнат кардаву зиндагии аҳли хонаводаҳои худро дар Тоҷикистон таъмин мекунанд. Пурии дастурхони мардуми тоҷик на аз туву ҳукумати порахӯрат, балки аз ҳамин муҳоҷирони меҳнатӣ вобастагӣ дорад. Вале ягонтои онҳо амалан ҳуқуқи номзадиашонро ба вазифаи президентӣ пешбарӣ карданро надоранд. Медонӣ чаро? Зеро парлумони тоҷик имрӯз танҳо аз одамони худиат иборат аст ва қонунҳоро сирф ба манфиати туву оилаат мебарорад. Моддаи якуми Қонуни конститутсионии ҶТ “Дар бораи интихоботи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо тағъироту иловаҳо аз соли 2019 чунин мегӯяд: “Шахсе ба номзадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ў аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад, забони давлатиро донад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад”.
Барои туву оилаи пурхӯрат танҳо пули ин муҳоҷирони меҳнатӣ лозим аст. Бонкҳои Ҳасани додарарӯсат ва Ҷамолиддини домодат аз ҳисоби маблағҳои ба Тоҷикистон равонкардаи онҳо ҳар рӯз ҳазорҳо сомонӣ фоида ба даст меоранд. Вале ҳатто беҳтаринони онҳо ҳам бо ҷурми он ки доимӣ дар кишвар истиқомат намекунанд, камтарин орзӯи номзад ба президентшавиро дар сар парварида наметавонанд. Аз ин ҳуқуқ комилан маҳрумашон кардаӣ. Онҳо магар шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд? Имрӯзҳо мебинем, ки муҳоҷирони ба мушкилӣ дучоромадаро пешвоёни ҳамин муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз туву ҳукуматат дида бамаротиб бештар соҳибӣ мекунанд. Туву сафоратхонаҳоят ва ширкатҳои ҳавопаймоият танҳо пӯсташонро канда, ҳатто дар даврони мушкиле чун пандемия пулашонро аз худ карда метавонеду халос. Куҷост он баробарие, ки Конститутсияи пур аз дарбеҳат ваъда кардааст?! Чандин сол аст, ки туву оилаат муҳоҷирони меҳнатиро чун говҳои ҷӯшоӣ истифода мекунед. Ва аз ин бадтар, дар ҳоле онҳо дар хориҷа машғули коранд, дар кӯчаву бозор сатрро аз сари ҳамсарону духтаронашон мекашед.
Имрӯз стратегҳоят Тоҷикистонро аз рӯи принсипи ба ту ва дӯстони калашникуфиат шиноси “юрчик – вовчик” ба ду гурӯҳи ба ҳам зид ҷудо кардан мехоҳанд то ин ки мардумро ба ҳам калаҷанг андохтаву даврони идоракунии туро дарозтар кунанд: “ҷанг андоз ва идора кун!”. Аз рӯи дараҷаи дороӣ ва некӯаҳволӣ ҳам мардумро ба ду кастаи нобаробар ҷудо кардаӣ: Оилаи Ҳукмрон ва Мардуми Заҳматкаш, яъне занбӯрҳои корие, ки барои туи боиштиҳо асал ҷамъ меоваранд. Вале эҳтиёт шав, ҳарчанд занбӯрҳои меҳнаткаш беозоранд, вақте хонаашонро мекобӣ, чандон оқибати хуб надорад.
Бо камоли эҳтиром
Исломиддин Садиров, нафақахӯр, ветерани меҳнат