Рубрики Хабарҳо

Лукашенко кишварашро ба куҷо мебарад?

Александр Лукашенко, раисҷумҳури худхондаи Белорус, ки дигар сад дарсад зери бори Русия ва дар қабзаи Владимир Путин қарор гирифт, дар сӯҳбатҳои ахираш ба мавқеъи кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ва бахусус Литва вокуниш нишон дод. Гуфт, ки минбаъд тавре сиёсатҳояшро бо ин кишвари ҳамсоя роҳандозӣ хоҳад кард, ки аз 30% даромади солиёнааш, ки ба таъйиди Лукашенко аз интиқоли молу колои Белорус таҳия мешудааст, маҳрум бишавад: “Он вақт хоҳанд донист, ки таҳрим чист ва Белорус чи давлатест”, таҳдид кард Лукашенко.

Аммо ин ҳама сӯҳбатҳо талвосаи ҷонкании як диктотур аст, ки ба ғуруби худ расидааст ва чанги мардуми аз мудирияти 26 солаи ӯ ба дод омада гиребони ӯро сар нахоҳад дод. Ин ки Путин мегӯяд бо хоҳиши Лукашенко воҳидҳои вижаи  ҷангӣ таъсис дода ва дар сурати вахим  гардидани вазъият вориди амал мешавад ва ин ки худи Лукашенко дар даст Калашников ва дар тан ҷавшан пӯшида дар майдони холӣ уштулум мекунад ва кафки даҳан мепаронад, нишонаи заъф ва аз шикастагии низомҳои диктотурист, ки бо дуздии раъйи мардум ҳукумат кардаанд ва идома додан мехоҳанд. Аммо шароити дунё иваз шудааст ва ивазшавӣ идома дорад.

Путин барои наҷоти Лукашенко ҳеҷ гоҳ  артиш фароҳам намекунад. Путин барои хок ва қаламрави Белорусро ғасб кардан артиш дуруст кардааст. Дар онҷо барои Лукашенко ҷою мақом нахоҳад буд. Иттиҳоди Аврупо бошад талошаш барои мардуми Белорус аст, ки зиндагии одамворро соҳиб бошанд ва аз юғ ва зулму ситами як диктотур, ки ин бор низ натоиҷи интихоботро бар суди худ ҷамъбаст кард, раҳо ёбанд. Аммо ин диктотур, ки нусха ва шабеҳи диктотури Тоҷикистон Раҳмонов аст ҷон доданиву ҳукумат доданӣ нест. Чун тӯли ин ҳама солҳо ҷиноят зиёд содир кардааст ва рафтани ӯ аз қудрат рафтан ба зиндон хоҳад буд, ҳамчуноне,ки Раҳмонов ҳам қудратро барои ҳифзи ҷонаш низ ҳимоят мекунад. Ин ду — Лукашенко ва Раҳмонов муштаракоти зиёд доранд:- ҳарду дар аҳди шӯравӣ раиси совхоз ва коммунисти суп-сурх буданд, ҳарду барои бақои Иттиҳоди шӯравӣ фаъолона мубориза карда ва зидди истиқлолияти кишварашон будаанд, ҳарду дар соли 1994 президенти кишварҳояшон «интихоб» шудаанд, ҳарду хуни халқро барои курсии худ резониданд, ҳарду шиору барнома ва сиёсатҳои монанд доранд: Қонуни асосиро иваз карда то ба сӣ солу бидуни мӯҳлат барои худ ҳокимият таъмин кардаанд, ҳарду кишварро моли шахсии худ медонанд ва ғайра. Албатта,аз ин даста монандиҳо  байни ин ду диктотур хеле зиёд аст, ки мо бо зикри ҳамин чандтоаш иктифо кардем.

Ҳаводиси Белорус бори дигар нишон дод, ки режимҳои диктотурӣ ва ғайримардумӣ, интихобнашуда ва райъи мардумро дуздида хеле заифу нотавонанд. Дар ҳоле, ки Лукашенко дар саломати ҷисмониаш мушкил надорад, сармояи ҳангуфт дорад, тамоми макомоти қудратӣ дар хизматаш аст, артиш, КГБ, тамоми техникаҳои ҷангӣ, хуллас ҳама чизро дорад, аммо дар баробари як зан, ки сармоя надорад ва маошаш барои рӯзгораш намерасид, на армия дораду на силоҳу техникаи ҳарбӣ шикаст хурд.

Бале, ин нишонаи он аст,ки диктаторҳо ва режимҳои сохтаи онҳо хеле заифанд ва танҳо мо бояд инро дарк кунем. Ҳар нафаре низ, ки фикр мекунад, диктатураи Раҳмонов қавист,иштибоҳ карда аст. Ин режимҳо, ки такягоҳи мардумӣ надоранд ва пояҳояш аз зулм сохта шудааст, пойдор нестанд.

Мисоли ин ки ин гуна режимҳои мардумозор ва худхоҳу золим нотавону заифанд дар Қуръон ҳам зиёд гуфта шудааст. Ҳамон ривояти Намрудро метавон ба ёд овард, ки як пашшаи хурд, ки дар баъзе ривоёт он пашша паршикаста, пошикаста ва аз дигар пашшахо заифтар тафсир шудааст, ба димоғи   Намруди «қавӣ», ки артиши бузург, заминҳои паҳновар, сармояҳои бештар аз Қорунро дошт, ворид шуд ва дар як муддати кӯтоҳ Намрудро беҷону мағлуб сохт ва режими ӯро ба хок яксон кард.

Тарафдорони режими Лукашенко ва Раҳмонов ба ин назаранд,ки бо аз мансаб рафтани Лукашенко кишвари Белорус истиқлолияташро аз даст медиҳад ва ё мухолифон кишварро ба Аврупо ва ё Амрико таслим мекунанд. Ин гуна режимҳои диктотурӣ ҳеҷ гоҳ истиқлолияти комил надоштаанд. Ҳамеша барои дар курсӣ мондан бо кишварҳои абарқудрат муомилахои ғайриқонунӣ ва зидди истиқлолияти кишвар  ва мардум анҷом медиҳанд. Лукашенко бо машварати Русия фаъолият мебарад ва генералҳои Русия сохторҳои низомии ин кишварро идора мекунанд. Ҳоло ҳатто ВАО-и  давлатии Белорус дар дасти  рӯзноманигорони рус қарор дорад. Метавон гуфт, ки   Белорус  ба як колонияи воқеӣ (де факто) Русия табдил шудааст. 

Ин ҳарфҳо барои Тоҷикистон ҳам сидқ мекунад. Раҳмонов дар боқӣ мондан дар курсии раисҷумҳурӣ аз Русия вобаста аст. Русия пойгоҳи назорати кайҳонии Норакро, ки як объекти муҳимми низомӣ ва тадқиқотист аз Раҳмонов бидуни ризоияти мардуми тоҷик гирифтааст. Пойгоҳи калонтарини ҳарбии Русия дар хориҷ аз ин кишвар дар Тоҷикистон аст. Ин ҳама нишонаи он аст ки Тоҷикистон ва Белорус истиқлолият надоранд. Истиқлолияти онҳо то онҷое аст, ки Русия иҷозат медиҳад. 

Бояд гуфт, ки Лукашенко ва Рахмонов давлат насохтаанд, балки барои худ як режим сохтаанд, ки бо рафтани ин диктаторҳо на истиқлолияти давлат, балки режими сохтаи онҳо аз байн меравад ва баръакс истиқлолияти кишвар таъмин ва мустаҳкам мегардад. Лукашенко ва Раҳмонов барои боқӣ мондан дар мансаб ҳозир ҳастанд,ки ним ва ё ҳамаи аҳолии кишварро ба куштан диҳанд. Аз ин ҷиҳат ҳамеша мардумро аз ҷангу хун метарсонанд ва шиорҳои » бо хун омадам..», «мемирам вале кишварро ба ҳеҷ кас намедиҳам» -ро амдан сар медиҳанд. Лукашенко дар даст автомати Калашников ба кӯча баромаданаш ба ҳамин маъно буд.

Диктаторҳое ба мисли Лукашенко ва Раҳмоновро на танҳо миллат, балки бештари кормандони тимаш ҳам бад мебинад. Бахусус вақте фарзандашро ҷойгузин мекунад, инро афроди наздик ва мавриди эътимодаш низ намеписанданд ва тарафдорӣ намекунад. Агарчи зоҳиран ин иқдомро дастгирӣ мекунад. Лукашенко ҳоло писари 15- солаашро, ки бо худ мегардонад. Ягон вазир ва кормандони боломақомаш инро намеписандад ва дар як фурсати муносиб зидди ин кор амал мекунад.

Ҳамин  кори Лукашенко боис шуд, ки дар тазоҳурот бисёре аз кормандони ҳукумат ва мақомоти низоми дастгирӣ аз муътаризин кунанд. Ба ҳамин монанд амали Раҳмоновро ҳам оиди ҷойгузини худ кардани Рустами Эмомалӣ агарчи рӯякӣ вазирону боломақомҳои ҳукуматӣ мепазиранд вале ботинан ин амали ӯро қабул надоранд ва ин боис шудааст, ки дар дохили ҳукумат як гурӯҳ зидди авлодӣ шудани кишвар амал мекунад.

Инҷо як ду сухан дар бораи мухолифини Белорус гуфтанӣ ҳастам.То ҳамин имрӯз пешравӣ ва ваҳдати онҳо шоистаи таҳсин ва тавсиф аст. Аммо таъхир ва ба дарозо кашонидани авзоъ бар зарар хоҳад буд. Вақте Жириновский мегӯяд роҳ ин аст ки Белорус ба ҳайати Русия ба мисли як губерния мулҳақ ва Лукашенко витсе-премер шавад, ин як ҳарфи ҳавоӣ нест, ин дуруст нақшаи Русия аст ки истиқлолияти Белорус бо иҷрои он ба поён мерасад. 

Дар вазъияти ба амал омадаи Белорус, аз нигоҳи мо се гузина вуҷуд дорад:

1. Лукашенко бо кӯмаки Русия то охирин имконият ва ҳатто бо қатли мардуми худ дар мансаб хоҳад монд, ки ин табиати диктаторҳо аст ва пас аз вахимтар шудани вазъ Русия метавонад Лукашенкоро бартараф ва як нафари дигарро биёрад ва куллан Белорусияро тасарруф кунад. 

2. Лукашенко мисли Януковичи укроинӣ аз кишвараш фирор ва дар як кишвари дигар паноҳҷӯ мешавад.

3. Хеле баъид аст, (зеро диктаторҳо омода нестанд, ки чунин кунанд)  вале аз ҳама роҳи хубу камзарараш ҳамин аст: Лукашенко бо таври ихтиёрӣ ба хотири ҳифзи истиқлолият ва амнияти кишвар мисли Серж Саргсяни арманӣ истеъфо медиҳад.

Илҳомҷон Ёқубов

Раҳбари Анҷумани муҳоҷирони Осиёи марказӣ дар Аврупо

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *