Ғаффор Мирзоев, ҷенероли зиндонӣ ва қумондони собиқи Горди раёсатҷумҳурӣ аз таънаи ҳамҳуҷраҳояш дар зиндон шикоят кардааст. Ӯ аз нигаҳдорӣ шуданаш дар якҷоягӣ бо мухолифони ҳукумат, ки замоне алайҳашон меҷангид, изҳори норизоӣ кардааст.
Тибқи иттилоъи Радиои Озодӣ бо истинод ба хоҳари ҷенерол, рақибони пешини ӯ таъна кардаанд, ки Ғаффор Мирзоем аз ҳукумат дифоъ карда, аммо бо вуҷуди он дар зиндон қарор дорад.
“Гуфт, ки ӯро бо мухолифон ҷой кардаанд. Бо онҳо баҳс мекунад. Таънааш мекунанд, ки аз ҷанг, аз тарафи ҳукуматро гирифтан чӣ фоида дидӣ. Ғаффор хомуш намеистад ва ҳанӯз дар ҳамон ақидаи пешинааш ҳаст, вале гуфт, ки аз таънаҳо хаста шудааст. Мехоҳад парвандаашро аз сар баррасӣ кунанд ва ӯро то баррасии парвандааш аз СИЗО ба дигар ҷой баранд”,- гуфтааст Оиша Мирзоева, хоҳари Ғаффор Мирзоев.
Ӯ аз ҳеҷ нафаре ном набурда ва маълум нест бародараш киҳоро дар наҳар дорад.
Ғаффор Мирзоев, мулаққаб бо “Ғаффор Седой” дар ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-97 ба тарафдори аз ҳукумати Эмомалӣ Раҳмоноа ҷангидааст, аммо соли 2004 бо иттиҳоми кӯшиши табаддулот ба зиндони якумрӣ маҳкум шуд. Додгоҳ ӯро ба қасди ташкили табаддулоти давлатӣ, хариди ғайриқонунии силоҳ, нигаҳдории он, сӯистифода аз мақоми хидматӣ ва дигар ҷурмҳои вазнин айбдор донист ва акнун беш аз 16 сол аст, ки дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар дохили маҳбаси рақами яки шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешавад.
Ба гуфтаи хоҳараш Мирзоев гуфтааст, ки ин баҳсҳои маъмулӣ миёни зиндониён аст, ки дар онҳо ҳеҷ хушунат вуҷуд надорад.
“Рӯ ба рӯ шудӣ, баҳс мекунӣ ва ин маънои ҷанг ё азоб додани якдигарро надорад. Хуб буд ё бад, онҳо солҳо муқобили якдигар ҷангиданд. Лекин аз рӯи қонун бояд Ғаффор дар ин зиндон набошад ва пас аз 10 сол якбор парвандааш аз сар баррасӣ шавад. Ӯ пир шудааст ва мехоҳад, ки дар 30 солагии истиқлолият озодаш кунанд”,- гуфтааст ӯ.
Мақомоти зиндон ваъдаи баррасии аризаро додаанд