Рубрики Хабарҳо

Тоҷикистон конфронси байналмилалии мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ баргузор мекунад

 Вазири  хориҷаи Тоҷикистон дар иҷлоси Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид бо мавзӯъи «мушорикати минтақавӣ дар Афғонистон ва Осиёи марказӣ ба унвони модели дастёбӣ ба амният ва тавсеа» иртибототи минтақавиро аз унсурҳои  муҳим барои тақвияти субот дар Кобул  ва тамоми минтақа донист.  

Аслов дар ин нишаст таъкид кард, ки Тоҷикистон ҷонибдори барқарории сареъи сулҳ ва амният дар Афғонистон аз тариқи тавсеаи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мебошад  ва ҳамкориҳои минтақавӣ унсури муҳимми тақвияти сабот дар ин кишвар ва тамом минтақа аст.

Ӯ дар бахше аз суханони худ  аз ҷомеаи байналмилалӣ хостори ироаи кӯмакҳои билоиваз ба Афғонистон ҷиҳати иҷрои проектҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба вижа  проектҳои минтақавии монанди «КАСА – 1000» — хати интиқоли нерӯи барқи «Туркманистон-Ӯзбекистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Покистон» шуд.

Аслов баъд аз суханронӣ дар Шӯрои Амнияти Созмони Милал бо Владимир Вороников  муовини Дабири кулли Созмони Милал ва раиси дафтари ин созмон дар умури мубориза бо терроризм ва Кайрат Абдурраҳмонов  вазири умури хориҷаи Қазоқистон дидор ва гуфтугӯ кард.

Дар ҷараёни дидори Аслов ва Вороников  масоили марбут ба ҳамкории Тоҷикистон ва воҳидҳои зиддитеррористии Созмони Милал баррасӣ ва перомуни дурнамои иқдомоти муштарак дар ин замина табодули назар сурат гирифт.

Дар ин гуфтугӯ дар бораи баргузории конфронси байналмилалии мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дар моҳи маи соли ҷорӣ баҳс ва табодули назар карда шуд. Тоҷикистон дар назар дорад дар моҳи маи соли ҷорӣ конфронси байналмилалӣ дар бораи терроризм баргузор намояд.

Ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2015 то имрӯз талош мекунад Ҳизби наҳзати Исломии ин кишварро пас аз мамнӯъ кардани фаъолияташ дар Тоҷикистон, ҳамчун гурӯҳи террористӣ муаррифӣ намояд. То ҳол ҳеҷ кишвар ва созмоне ба таври расмӣ ва аланӣ ин ҳизбро вориди листи гурӯҳҳои террористӣ накардаанд. Ба назар мерасад Ҳукумати Тоҷикистон аз ин фурсат барои муаррифии ин ҳизб ба унвони як гурӯҳи террористӣ истифода хоҳад кард.

Вузарои хориҷаи тоҷик ва қазоқ дар дидори худ перомуни масоили муҳими дуҷониба ва ҳамчунин тақвияти таомулоти чандҷониба дар чорчӯби Созмон милали муттаҳид баҳс ва гуфтугӯ намуданд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *