Боздошти зодагони ОМ дар Туркия бо иттиҳоми узвият дар ДОИШ
Дар ҷараёни як амалиёти вижаи мақомоти Туркия, ки рӯзҳои 1 ва 2 сентябр дар шаҳрҳои Истамбул, Адана, Ғозиёнтеппа ва Хатайи он кишвар баргузор шуд, наздики 20 шаҳрванди Узбекистон боздошт гардид. Бино ба иттилои тасдиқношуда, иддае аз шаҳрвандони Тоҷикистон низ дар ин амалиёт боздошт шудаанд.
Боздоштшудаҳо дар терроризм ва расонидани кумакҳои ҳамлу нақл ба Маҳмуд Озден, «амир»-и гуруҳи террористии «Давлати исломӣ» дар Туркия гумонбар мешаванд.
Ба иттилои мақомоти Туркия, неруҳои вижаи он кишвар рӯзи 31 август «амир»-и гуруҳи террористии «Давлати исломӣ»-ро боздошт карданд. Дар даҳҳо компютер ва дигар дастгоҳҳои электронии Озден ному насаби узбекону тоҷикони муқими Туркия пайдо шудааст.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти махсуси Тоҷикистон низ гуфтанд, аз боздошти зодагони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон дар Туркия иттилоъ доранд. Хабар дода мешавад, ки айни ҳол шахсияти боздоштшудаҳо дар ҳоли муайянсозӣ аст.
Мақомоти Туркия гуфтанд, боздоштҳо идома доранд ва мумкин аст, давоми рӯзҳои оянда теъдоди боздоштшудаҳо афзоиш ёбад.
Расонаҳо аз қавли вазорати корҳои дохилии Туркия навиштанд, ки «амир»-и боздоштшудаи гуруҳи террористии «Давлати исломӣ» бо ташкили гуруҳҳои иборат аз 10-12 кас қасд дошт, ки дар Истамбул теракт анҷом диҳад.