Categories Хабарҳо

Тоҷикон ба дӯсти Сталин ва душмани муборизаҳои миллӣ-озодихоҳӣ табдил мешаванд? (Навор)

Раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев фармон дод номи ҳамаи 100 ҳазор қурбониёни террори сталинӣ зинда карда шавад. Таърихи якояки онҳо омӯхта шуда, бо номи онҳо маҳаллаву мактабҳо номгузорӣ ва дар бораи фаъолияташон китобҳо нашр гардад. Дар ин бора ӯ 31 август дар Рӯзи ёдбуди қурбониёни саркӯб, ки ба рӯҳи онҳо фотиҳа хонда шуд, хабар дод. 

“Ин одамон пешвоёни ҳақиқӣ, намояндагони пешқадами аҳли зиё, беҳтарин адибону фарҳангиён буданд, — гуфт ӯ.  — Тасаввр кунед, ки чӣ корҳои бузургеро онҳо барои рушди ватан, илм, иҷтисод, фарҳанг ва адабиёт анҷом медоданд, агар саркӯб ва кушта намешуданд!”

Ӯ таъкид кард, ки ӯзбекистониҳои саркӯбшуда барои истиқлолият ва озодии мардумашон мубориза мебурданд. Солҳои охир корҳое барои барқарор кардани номи неки онҳо бо таъсиси музейҳову ташкили макотиби эҷодӣ анҷом мешавад, то ба гуфтаи Мирзиёев ба одамон “адолати таърихӣ ва ҳақиқат” расонида шавад.

Маркази матуботии раисҷумҳури Ӯзбекистон қайд мекунад, ки аз соли 1937 то 1953 дар Ӯзбекистон беш аз 100 ҳазор нафар саркӯб шуда, 13 ҳазор нафар бераҳмона парронда шудаанд.  

Тибқи , байни солҳои 1930-1953 бо парвандаҳои ОГПУ-НКВД-МВД (Объединённое государственное политическое управление  (Ташаккули давлатии идораи сиёсӣ) — Народный комиссариат внутренних дел — (Комиссариати мардумии корҳои дохилӣ) — Министерство внутренних дел (Вазорати корхои дохила)) дар СССР 3,8 млн нафар маҳкум ва 800 ҳазор нафар парронда шудаанд. Таҳлилгарони зиёде ба ин назаранд, ки ин рақамҳо чанд баробар камтар нишон дода шудаанд. 

Ҷамъияти “Мемориал” тавонистааст маълумот дар бораи саркӯби ро, ки дар он солҳо саркӯб шудаанд, собит кунад. Ному насаби аксари саркӯбшудаҳо то ҳол номаълум боқӣ мемонад. 

Дар Тоҷикистон ҳам дар он солҳо даҳҳо ҳазор нафар саркӯб ва ҳазорҳои дигар парронда шуданд. Қишри бедору огоҳу донишманди ҷомеъа яккачин карда шуда, ё ба Сибир бадарға ва ё мақкум ба қатл гардиданд. Ҳазорҳо донишмандону озодихоҳон ва онҳое, ки чӣ бо амал ва чӣ бо қалам алайҳи истибдоди шӯравӣ садо баланд мекарданд, ё аз воқеъиятҳои террори сурх огоҳ буданд, маҳкуб ба табъиз ва марг шуданд. 

Вале то ҳол ҳукумати Тоҷикистон боре дар бораи сафедкунии онҳо сухан нагуфтааст, чӣ расад ба қаҳрамону ватандӯст эълон кардани онҳову зинда сохтани номашон. Баръакс режими Раҳмон ба ҳамон сиёсати сиёҳсозии фарзонагону муборизони миллӣ идома дода, дар ин авохир саркӯбгариро низ ба ҳади соли 37-и асри гузашта боло бурдааст. 

Тӯли ҳукмронии Эмомалӣ Раҳмон садҳо зиёӣ, донишманд, мубориз ва афроди озодихоҳу ғаюри миллӣ зиндонӣ, қатл ё бадарға шудаанд. Омори саркӯбҳои режими Раҳмон вуҷуд надорад, вале танҳо факту далелҳои расонаишуда нишон медиҳанд, ки шумори саркӯбшудагону кушташудагон байни солҳои 1992-2020 аз ин шумор дар солҳои 1937-1953 камтар нест. 

Режими Раҳмон айнан бо ҳамон усули сталинӣ амал мекунад ва барои як нафар тамоми хонаводаро зери зулму шиканҷа қарор медиҳад. Садҳо хонавода бинобар фаъолияти сиёсӣ ё динии яке аз аъзои он саркӯб, қисман зиндонӣ ва ё кушта шудаанд. Ҳазорҳо нафар бинобар фаъолияти сиёсӣ ва динии наздиконашон ҳаққи берунравӣ аз кишварро надоранд. 

Гузашта аз ин, режим пинҳон намекунад, ки аз ҳамон ақидаи сурхи марксистӣ-ленинӣ пайравӣ мекунад. Тоҷикистон ягона кишвар дар собиқ шӯравист, ки то ҳанӯз муборизони миллӣ-озодихоҳии аввали асри гузаштаро душманӣ халқ ва “босмачӣ” мехонад. Тоҷикистон ягона кишварест, ки ғасби қаламраваш дар аввали асри гузаштаро то ҳол “озодсозӣ” меномад ва аз амалкарди артиши сурх ҳимоят мекунад. 

Дар сатҳи баланди давлатӣ низ ин ақида дастгирӣ ва маблағузорӣ мешавад. Ҳамагӣ як моҳ пеш муовини раҳбари Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоҳи Раҳнамо бо нашри як мақолаи бузург аз саркӯбгариҳо ҳимоят кард ва онро амре зарурӣ дар бунёд ва мусатаҳкамсозии пояҳои давлат номид. 

Дар бархе ҳолатҳо режими Эмомалӣ Раҳмон дар саркӯби ва таъқиби андешамандону озодихоҳон, зиёиёну фаъолон аз режими столинӣ ҳам по фаротар ниҳодааст. Ин режим бо роҳи шантаж, шиканҷа, асиргирии наздикон онҳоро водор ба фаъолият ба нафъи худаш месозад. Мешавад даҳҳо мисол, сар аз Бозор Собир то Эшони Сироҷиддину ҷавонони фаъол зад, ки режим бо ин роҳҳо ба фаъолият ба нафъи худаш маҷбур кардааст. 

Хушбахтона, мухолифин ва гурӯҳе аз зиёиён, ки дар хориҷ қарор доранд дар роҳи сафедкунии қурбониёни саркӯбиҳои столинӣ ва қаҳрамонсозии онҳову муборизони роҳи озодӣ дар солҳои аввали асри гузашта хидматҳои шоёне анҷом медиҳанд. Раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ду сол қабл бо даъвати сафедсозии ҳаракати миллӣ-озодихоҳӣ поягузори баҳсе дар мавриди босмачиҳо шуд, ки сабаб гардид даҳҳо мақолаву таҳлил дар ин мавзӯъ навишта шавад. Аз гурӯҳи зиёиёни кӯшо дар ин роҳ мешавад Дориюши Раҷабиён, Барзу Абдураззоқов, Исфандиёри Одина, Темур Варқӣ, Исфандиёри Назар, Сайидюнуси Истаравшанӣ ва ғайраҳоро ёд кард, ки бидуни хастагӣ заҳмат мекашанд. Дар дохил ҳам, ҳарчанд боэҳтиёт даҳҳо нафар дар ин кор ошкору пинҳон саҳм мегиранд, ки ба хотири ҳифзашон аз саркӯбҳо номашонро зикр намекунем. 

Ҳамчунин мешавад аз ҷиноятҳои столинии режим изҳороти худи зиёиёну фаъолон ё хонаводаҳои онҳо дар расонаҳо алайҳи худу наздиконашонро мисол зад, ки режим васеъ ва ҳамарӯза истифода мебарад. 

Сиёсати саркӯбгароёнаи режим боис шудааст, ки даҳҳо ҳазор зиёӣ тарки кишвар кардаанд ва ҳоло ба нафъи Русияву русҳо ва кишвару миллатҳои дигар кор мекунанд. Ин раванд солҳои охир бо суръат рушд мекунад ва кор то ҷое расидааст, ки ҳатто дар мактабҳо муъаллим намерасад ва беш аз ними муъаллимонро дар макотиб онҳое ташкил медиҳанд, ки мутаассифона саводашон аз фарроши мактаб болотар нест. 

Яке дигар аз сабқати режими Раҳмон бар режими столинӣ истифодаи муаллимон дар тарғиби сиёсатҳо ва корҳои сиёсӣ аст. Ин амр боиси поин рафтани ҷойгоҳи муаллим дар ҷомеъа шуда, дар натиҷа ҷойгоҳи илму уламо низ бо шиддат коҳиш ёфтааст. Ва дигаре ҷустуҷӯи китобҳо ва мусодираву сӯхтани ҳазорҳо китоб дар чанд соли охир, ки тибқи иттилоъи шоҳидон дар қатори китобҳои чопи нав садҳо китоби нодири қадимӣ низ ё мусодира ё аз ҷониби худи моликонаш аз тарс сӯзонида шуданд.

Бо фарқ аз Столин, ки агар аз як тараф бо саркӯбӣ миллионҳо нафарро қурбон кард, аз тарафи дигар кишварашро ба як режими пурқудрати ҷаҳонӣ табдил дод, режими Раҳмон бо саркӯбгариҳо пояҳои давлати худашро чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ заъиф кардааст. Тоҷикистон камтарин таъсире дар геополитикаи минтақавӣ надорад, чӣ расад ба ҷаҳонӣ.  

Дар ҳоле, ки ҳамсояҳо дар кори сафедкунии муборизини миллӣ ва динӣ-озодихоҳӣ бо суръат пеш мераванд ва Тоҷикистон ин гуна садоҳоро бо шиддат дар дохил пахш мекунад, ин амр дар оянда метавонад даъвоҳои дигар аз ҷониби ҳамсояҳои туркзабон ба вуҷуд орад. Бо дарназардошти сиёсати “просталинӣ” ва “антибосмачиги”-и режими вақти Тоҷикистон, ҳамсояҳои туркзабон метавонанд дар оянда ин даъворо пеш оранд, ки тоҷикон тарафдори аслии террори сурхҳо буданд ва ҳамин амр боис шуд, ки муборизаҳои миллӣ-динӣ-озодихоҳӣ дар Осиёи Миёна шикаст хӯрад.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *