Дар Тоҷикистон шабакаи нави телевизионӣ таъсис медиҳанд
Ҳукумати Тоҷикистон ба сохторҳои дахлдор дастур додааст барои таъсиси муассисаи давлатии телевизионии “Илм ва табиат” корҳоро шурӯъ кунанд.
Фармони таъсиси шабакаи нави телевизионӣ дар ҳолест, ки мӯҳтавои шабакаҳои дигари давлатӣ аз ҳамдигар тақрибан фарқ намекунанд.
Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон 28 август дар бораи тасдиқи оиннома ва сохтори шабакаи телевизионии нав, инчунин шумори воҳиди кории он қарор ба имзо расонид. Дар шабакаи нави телевизион 87 воҳиди корӣ ва ҳайати хизматрасонии техникӣ таъсис дода мешавад.
Кумитаи телевизиону радио ва Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ уҳдадор шуданд, ки дар муддати шаш моҳ масоили марбут ба таъмини шабака бо бино, воситаҳои нақлиёт, таҷҳизот ва дигар асбобу лавозимоти заруриро ҳаллу фасл намоянд.
Маблағгузорӣ ба шабакаи телевизионии “Илм ва табиат” аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои махсуси худи муассиса амалӣ мешавад.
Ба Вазорати молия супориш дода шудааст, ки дар буҷети ҷумҳуриявӣ маблағ барои пардохти хароҷот (музди меҳнат ва суғуртаи иҷтимоӣ)-и 87 воҳиди кориро пешбинӣ намояд.
Дар оинномаи шабакаи телевизиони нав гуфта мешавад, шабакаи мазкур бо забонҳои тоҷикӣ ва хориҷӣ 24 соат дар як шабонарӯз барнома пахш мекунад.
Бино ба маълумоти Кумитаи телевизиону радио, айни замон дар Тоҷикистон 13 шабакаи телевизиони давлатӣ ва 35 шабакаи телевизиони хусусӣ (12 ноқилӣ ва 2 ТВ IP) фаъолият мекунанд.
Гуфтанист, дар Тоҷикистон таъсиси боз як шабакаи нави давлатии телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар назар аст.