Фаромӯз Иргашев натавонист шумори зарурии овозҳоро ҷамъ кунад
Фаромӯз Иргашев навтавонист худро ҳамчун номзад ба мақоми раисҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном кунад.
Мувофиқи қонунгузории ҷумҳурӣ, 30 рӯз пеш аз интихоботи президент қабули ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии номзадҳо ба мансаби президентӣ қатъ мегардад. Дар интихоботи ҳозира ин сана нимашаби 10 сенятбр ба охир расид.
Наврӯз Самадзода, раиси дастгоҳи Комиссияи Марказии Иинтихобот ва Раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабаргузории Азия Плюс гуфтааст, “то ин вақт аз адвокати ҷавон аз шаҳри Хоруғ Фаромӯз Иргашов барои сабти расмии номзадиаш ба мансаби президентӣ ягон ҳуҷҷат ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон пешниҳод нашуд”.
Ба гуфтаи ӯ, мувофиқи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон, номзадҳо ба мансаби президентӣ барои сабтином дар Комиссияи Марказии Иинтихобот ва Раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон , ба ҷонибдории худ бояд на камтар аз 5% аз шумори умумии интихобкунандагон имзо ҷамъоварӣ кунанд.
Дар маъракаи интихоботи президентии кунунӣ 5%-и имзои интихобкунандагон 245 ҳазору 100 нафар аст.
Дар Комиссияи Марказии Иинтихобот ва Раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эҳтимол дур намедонанд, ки адвокати ҷавон ба дастгирии ин миқдор шумори интихобкунандагон даст наёфтааст.
Қаблан адвокати 30-сола аз Хоруғ Фаромӯз Иргашов изҳор дошт, ки номзадии худро ба маъракаи интихоботи президент ҷумҳурӣ пешбарӣ мекунад.
Ин тасмими худро ӯ дар навори видеои рӯзи 2 сентябр нашршуда дар Facebook ва Youtube баён кард. Дар навор Иргашов дар бораи сабабҳои пешбарии номзадиаш мухтасар маълумот дода, дар ҷамъоварии шумори зарурии имзоҳо кумак хост.
Дар ҳамин ҳол, дар ҷаласаи рӯзи 13 сентябри КМИР Тоҷикистон дар интихоботи моҳи октябр расман ба қайд гирифта шуданд.
Имрӯз КМИР масъалаи сабти расмии номзад аз Ҳизби демократи Тоҷикистон — раиси он Саидҷаъфар Усмоновро баррасӣ мекунад.