Рубрики Хабарҳо

Ҳоҷимуҳаммад Умаров: СБП намехоҳад Тоҷикистон рушд кунад

 Иқтисодшиноси тоҷик пешниҳод кард, ки бояд Тоҷикистон сиёсати молии мустақилиро дар дастури кор қарор диҳад ва аз вобастагӣ ба Сандуқи байналмиллалии пул раҳоӣ ёбад.

Ҳоҷи Муҳаммад Умаров корманди пажуҳишгоҳи иқтисоди вобаста ба Академияи улуми Тоҷикистон бо ишора ба боло будани мизони фоизи бозпардохти қарзҳои бонкӣ дар кишвар гуфтааст: сиёсати Сандуқи байналмилаллии пул ин аст, ки кишварҳои назири Тоҷикистон рушд накунанд.

Умаров мӯътақид аст, ки яке аз омилҳои умдаи ҳифзи мизони болои фоизи бозпардохти қарзҳои бонкӣ дар Тоҷикистон бо вуҷуди интиқодҳои мукаррари Раисҷумҳури кишвар, тавсияҳои Сандуқи байналмилалии пул мебошад, ки мехоҳад низоми молии ҷумҳуриро таҳти султаи иқтисодии хеш қарор дорад.

Ба гуфтаи Умаров, Сандуқи байналмилалии пул ба Тоҷикситон ҳамчун як кишвари фақир нигоҳ мекунад, аммо бо сиёсати мустақили молӣ мешавад ин тарз тафаккурро аз байн бурд.

Ин коршиноси иқтисодӣ афзудааст: барои коҳиши вобастагии низоми бонкии Тоҷикистон ба Сандуқи байналмилалии пул, зарурат дорад, ки ин кишвар мероси фоизи бозпардохти қарзҳои бонкӣ ба муштариёнро коҳиш диҳад.

Ба гуфтаи Умаров ҳамчунин ихтисоси қарзҳои камбаҳра бо муддати замони бештар барои бозпардохт метавонад муҷиботи ҷалби эътимоди муштариён ба низоми бонкии Тоҷикистонро фароҳам кунад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *