Рубрики Хабарҳо

Воридоти орду гандум: яке рӯ ба афзоиш, дигаре ба коҳиш

Тоҷикистон воридоти ордро афзоиш дода, харидории гандумро баръакс, камтар кардааст. Дар сурати идомаи ин раванд даҳҳо осиёб дар кишвар метавонанд бекор монанд. 

Дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон беш аз 73 ҳазор тонна орд ворид карда шуд, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 44% зиёдтар аст.

Ин миқдор орд ба маблағи умумии қариб 19 млн доллар харидорӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 ба андозаи 52% гаронтар мебошад.

Дар ҳамин ҳол, барои қонеъ намудани талаботи дохилӣ ҷумҳурӣ асосан аз воридоти гандум истифода мебарад, ки минбаъд дар корхонаҳои истеҳсоли орди кишвар коркард мешавад.

Ҳарчанд нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 воридоти гандум дар зарфи 10 моҳ 7,8% кам шуда бошад ҳам, ҳаҷми гандуми воридшуда аз ҳаҷми орди воридотӣ 10 баробар зиёдтар аст.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, тӯли моҳҳои январ-сентябри соли равон ба ҷумҳурӣ зиёда аз 760 ҳазор тонна гандум оварда шудааст.

Коҳиши воридоти гандум ва афзоиши воридоти орд метавонад ба қарор ҳукумати Қазоқистон бастагӣ дошта бошад, ки соли гузашта содироти гандум аз ин кишварро душвортар кард, то он дар дохил коркард шавад.

Идомаи раванди коҳиши воридоти гандум ба Тоҷикистон метавонад ба фаъолияти даҳҳо осиёби бузурги кишвар, ки на танҳо барои дохил, балки барои содирот ба Афғонистон ҳам гандум орд мекунанд, зарба занад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *