Асъор ва иқтисод 23.11.2020
Нархи арз
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз 23 ноябр эълон кардааст
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 100 рубли русӣ барои имрӯз 14 сомониву 75 дирам нишон дода шудааст.
Қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 13 сомониву 40 дирам то 13 сомониву 70 дирам арзёбӣ шудааст.
Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11 сомониву 30 дирам то 11 сомониву 50 дирам арзёбӣ кардааст.
Нархи тилло
Баҳои ҳар унс тилло дар муъомилоти субҳи имрӯз миёни бонкҳои Лондон 1866 доллару 10 сент муомила шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба охири ҳафтаи гузашта арзонтар аст.
Нархи нафти хом
Нархи миёнаи фурӯши ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар биржаҳои Inter Continental Exchange (ICE) — ICE Brent Crude Futures-и Лондон 45 доллару 63 сент муъомила шуд.
Танҳо 10 дарсади пахтаи чидашуда дар дохили Тоҷикистон коркард мешаваду халос. Бақияи 90 дар сади пахта ба шакли хом ба хориҷ содирот мешавад.
Бино ба гузориши сомонаи Топ Тҷ масъулони Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар ин бора хабар дода гуфтанд, ки имсол беш аз 461 ҳазор тон пахта аз заминҳои кишт бардошт шуда, ки баробар бо 96,6 дарсад аз барномаи давлатӣ аст.
Пахта яке аз муҳимтарин маҳсулоти содиротии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Туркия, Русия ва Чин харидорони аслии пахтаи Тоҷикистон ҳастанд, ки пас аз табдили пахтаи Тоҷикистон ба либосу порча ин колоҳоро ба Тоҷикистон содир мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, кишоварзони тоҷик муътақиданд, ки дар сурати хариди ҳар килограм пахта аз онон ба қимати 6,5 то 7 сомонӣ метавонанд ба судоварии ин маҳсул умедвор бошанд.
Ин дар ҳоле аст, ки қимати пахта дар вилоятҳои Хатлону Суғд байни 5 то 5,5 сомонӣ аст, ки танҳо ҳазина кошту бардошти ин маҳсулро ҷуброн мекунад ва фоидаи чандоне барои кишоварзон боқӣ намегузорад.
Нархи орди навъи якум аз моҳи январ то аввали моҳи ноябр қариб 15 дар сад боло рафт.
Давоми моҳҳои январ-октябри соли равон ба Тоҷикистон беш аз 73 ҳазор тонна орд ворид карда шуд, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 44% зиёдтар аст.
Ин миқдор орд ба маблағи умумии қариб 19 млн доллар харидорӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 ба андозаи 52% қиматтар мебошад.
Дар ҳамин ҳол, барои қонеъ намудани талаботи дохилӣ ҷумҳурӣ асосан аз воридоти гандум истифода мебарад, ки минбаъд дар корхонаҳои истеҳсоли орди кишвар коркард мешавад.
Ҳарчанд нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 воридоти гандум дар зарфи 10 моҳ 7,8% кам шуда бошад ҳам, ҳаҷми гандуми воридшуда аз ҳаҷми орди воридотӣ 10 баробар зиёдтар аст.
Мувофиқи маълумоти оморӣ, тӯли моҳҳои январ-сентябри соли равон ба ҷумҳурӣ зиёда аз 760 ҳазор тонна гандум оварда шудааст.
Гандум ба Тоҷикистон асосан аз Қазоқистон ворид мегардад, ки зиёда аз 90%-и воридоти ин навъи маҳсулоти кишоварзӣ ба ин кишвар рост меояд.
Қобили зикр аст, ки талаботи ҷумҳурӣ ба орд дар як сол наздики 1 млн тонна арзёбӣ мешавад.
Тибқи маълумоти Агентии омор, нархи орди навъи якум, ки бештар серхаридор аст, аз моҳи январ то аввали моҳи ноябр қариб 15% боло рафт.
Ба ҳолати аввали моҳи ноябр арзиши 1 кило орди навъи якум ба ҳисоби миёна дар пойтахт 4,7 сомонӣ, шаҳри Турсунзода — 5,2 сомонӣ, Рашту Ванҷ ва Хоруғ — беш аз 5 сомонӣ, Хуҷанду Исфара ва Истаравшан — 4,4 сомониро ташкил дод.
Мебояд гуфт, орд барои мардуми Тоҷикистон маҳсулот бештар мавриди ниёзи аввал ба шумор меравад.
Қарзи давлатии Тоҷикистон то ҳол беш аз 43 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, ММД-ро ташкил медиҳад.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии Вазири молияи Тоҷикистон мегӯяд, Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири ин ниҳод зимни баррасии барномаи нави қарзгирии Тоҷикистон дар парлумон гуфт, то 1 октябри соли 2020 ҳаҷми умумии қарзи давлатии ҷумҳурӣ 3,7 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи вазир, дар моҳҳои январ – сентябри соли ҷорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятдоштаи кишвар 5 созишномаи нави қарзӣ ба маблағи умумии 459,5 миллион доллари амрикоӣ бо ташкилотҳои гуногуни молиявӣ ба имзо расонида шуд.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли Қаҳҳорзода афзуд, ки ҳаҷми қарзи давлатии ҷумҳурӣ ба ҳолати аввали октябри соли равон ба 43,3 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар баробар мебошад.
Ба гуфтаи вазири молияи Тоҷикистон, барои хизматрасонии қарзи беруна дар соли 2021 ҳудуди 213,5 миллион доллар, соли 2022 — 238,2 миллион доллар ва соли 2023 ҳудуди 243,3 миллион доллари амрикоӣ ба нақша гирифта шудааст.
Қаҳҳорзода тавзеҳ дод, ки дар буҷа барои соли 2021 барои хизматрасонии қарзи берунаи давлатӣ 2,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ шуда, 1 миллиард сомонии он барои пардохти қарзи асосӣ ва 861,1 миллион сомонӣ барои пардохти фоизҳои он аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ равона карда мешавад.
Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки дар 3 соли наздик барои амалисозии лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар ҳаҷми 1 млрд 160 млн доллар қарзи хориҷӣ ҷалб намояд.
Дар доираи Барномаи қарзҳои давлатии хориҷӣ, ки чанде пеш, рӯзи 18 ноябр аз ҷониби палатаи поёнии парлумон қабул шуд, соли 2021 ҷалби 452,9 млн доллар, соли 2022 — 459,7 млн доллар ва соли 2023 — 246,8 млн доллар қарз дар назар аст.
Барнома асосан аз ҳисоби маблағҳои Бонки аврупоии таҷдиду рушд, Бонки исломии рушд ва Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад.
Ҳамчунин ба лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ Бонки осиёии рушд , Фонди Саудии рушд, Фонд Кувайтии рушд, Эксимбонки Чин, Бонки аврупоии сармоягузорӣ, Бонки авруосиёии рушд ва дигар сарпарастон маблағгузорӣ мекунанд.
Тибқи маълумоти Вазорати молия, ҳамаи ташкилотҳои молиявии дар боло зикршуда ба Тоҷикистон бо шартҳои имтиёзнок қарз медиҳанд.
Ба ин тариқ, қарзҳои Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд, Бонки исломии рушд , Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт ОПЕК, Фонд Кувайтии рушд, Фонди Саудии рушд ва Бонки аврупоии сармоягузорӣ ба давраи дарозмуҳлат (аз 20 то 40 сол) дода мешаванд. Меъёрҳои фоизии онҳо 0,75-2%-и солонаро ташкил дода, давраи имтиёзнок бо баргардонидани маблағи асосии қарз аз 4 то 10 солро дар бар мегирад.
Қарзҳои Эксимбонки Чин ба муҳлати 20-25 сол дода шуда, меъёри фоиз 1,5-2,5%-и солона ва давраи имтиёзнок бо баргардонидани маблағи асосӣ аз 9 то 11 солро ташкил медиҳад.
Аз рӯйи қарзҳои Бонки аврупоии таҷдиду рушд меъёр Libor+1 фоиз ва дар баробари он маблағҳои грантӣ ҷудо мешаванд.
Пешбинӣ шудааст, ки маблағҳои дастрасшуда ба барқарор сохтан ва рушди низоми нақлиёти кишвар, соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ, бахшҳои кишоварзӣ ва обёрӣ, инчунин амалисозии лоиҳаҳо дар соҳаҳои тандурустиву маориф, ҳифзи иҷтимоӣ ва идоракуниии давлатӣ равона мегарданд.
Қобили зикр аст, ки ба ҳолати 1 октябри соли ҷорӣ ҳаҷми қарзи берунаи Тоҷикистон 3 млрд 163 млн долларро ташкил дод.