Умари Форуқ (Худо розӣ бошад) халифаи дуввум ва бартару болотарин саҳобаи расули Худо (дуруди Худо нисорашон бод) пас аз Абӯбакри Сиддиқ (Худо розӣ бошад) мебошад. Ӯ яке аз хулафои рошидин аст, ки расули Худо (дуруди Худо нисорашон бод) моро ба пайравӣ аз онон фармуда ва гуфтааст: «Ба суннати ман ва суннати хулафои рошидини пас аз ман чанг бизанед».
Расули Худо (дуруди Худо нисорашон бод) дар ҳадиси дигаре кушоду равшан баён намуда, фармудааст: «Ба ду нафаре, ки пас аз ман ҳастанд, (яъне) Абӯбакр ва Умар, иқтидо кунед».
Зиндагонии Умари Форуқ (Худо розӣ бошад), сафҳаи дурахшон ва барги заррине аз таърихи ислом аст.
Умар ибни Хаттоб ибни Навфал ибни Абдулуззо ибни Риёҳ фарзанди Абдуллоҳ ибни Фарт ва панҷ пушти дигари авлодаш ҳамин силсила муайян аст.
Лақабаш Форуқ аст. Зеро ӯ нахустин касе аст, ки исломро дар Макка ошкор сохт ва бад-ин сон, Худованди мутаъол, ба василаи ӯ миёни ҳаққу ботил ва ислому куфр ҷудоӣ андохт.
Умар чеҳраи сурху сафедгунае дошт, ки сурхии чеҳрааш бештар буда, гунаҳо, бинӣ ва чашмони зебое дошт.
Кафи дастҳо ва қадамҳояш паҳну бақувват буда, баландқомат, тануманд, қавӣ ва шуҷоъ буд. Мӯйҳояшро бо ҳино ранг мекард ва тунду бошитоб роҳ мерафт ва баланд сухан мегуфт.
Падари Умар Хаттоб ибни Навфал ва модараш Ҳантама духтари Ҳошим ибни Муғира буд Умар (Худо розӣ бошад) қабл аз ислом бо Зайнаб бинти Мазъун издивоҷ намуд ва аз ӯ дорои се фарзанде ба номҳои Абдуллоҳ, Абдурраҳмони Акбар ва Ҳафса гардид. Сипас бо Малика бинти Ҷарвал издивоҷ кард ва аз ӯ соҳиби фарзанде ба номи Убайдуллоҳ шуд ва он гоҳ Маликаро дар Ҳидна талоқ намуд. Сипас Умар (Худо розӣ бошад) бо умми Ҳаким бинти Ҳорис ибни Ҳишом издивоҷ кард ва пас аз ӯ бо зане ба номи Ҷамила бинти Собити Авсӣ, ҳамчунин бо Отика бинти Зайд издивоҷ кард, Бо духтари ҳазрати Алӣ ва Фотимаи Заҳро Умми Кулсум низ издивоҷ карда, соҳиби ду фарзанде ба номҳои Зайд ва Руқия гардида буд.
Бо ин ҳисоб, теъдоди фарзандони Умар ибни Хаттоб (р) ба сездаҳ нафар мерасад. Теъдоди ҳамсарони Умар (Худо розӣ бошад) ҳам аз онон, ки қабл аз ислом ё баъд аз ислом бо онҳо издивоҷ намуд ва низ онон, ки аз онҳо ҷудо шуда, дар маҷмуъ ҳафт нафар будааст. Умари Форуқ (Худо розӣ бошад) иллати издивоҷ бо ҳамсарони мутааддидро афзоиши насл ва доштани фарзандони бештар донистааст. Умар (Худо розӣ бошад) ҳамчун соири қурайшиён, бахше аз зиндагии хешро дар даврон ҷоҳилият сипарӣ кардааст ва дар синни навҷавонӣ зиндагии сахт ва пурмашаққатеро гузарондааст. Умар (Худо розӣ бошад) на танҳо барои падараш шутурчаронӣ мекард, балки барои холаҳояш низ шутур чаронида аст. Чунончӣ худаш пас аз онки ба хилофат расид, боре дар миёни мусулмонон бархост ва эълон намуд, ки ӯ қаблан чӯпоне беш набудааст ва соҳибони шутур бар ивази хизматаш рӯзе як мушт хурмо ва кафе кишмиш медоданд ва бо ҳамин рӯзаш мегузашт.
Як нуктаро низ бояд гуфта гузарем, ки Умар фақат чӯпонӣ намекард, балки дар гӯштингирӣ, тиҷорат, шеърсанҷӣ низ беҳамто буд, чун саводи хубе дошт. Аз таърихи халқи араб силсилаи дуре дар хотирааш маҳфуз дошту дар бархе ҳолат садри маҳфил буд.
Як муддат Умар (Худо розӣ бошад) ба тиҷорат ва бозаргонӣ пардохт ва дере нагузашт, ки яке аз сарватмандони Макка гардид.ва аз ин рӯ ҷузъи саромадони Макка ба шумор мерафт. Таърихи вафоти ӯро соле қабл аз ому-л-фил ба унвони таърихи расмии муомилот ва қарордодҳои худ менавиштанд.
Умар (Худо розӣ бошад) шахси фарзона, бурдбор, бузургвор ва тавоно буд. Бинобар ин қурайшиён барои рафъи ихтилофот ё баёни мафохири қабилаӣ ё дифоъ аз он, Умар (Худо розӣ бошад)-ро ба унвони намоянда назди сарварони қабилаҳо мефиристоданд. Умар (Худо розӣ бошад) низ ба хубӣ аз ӯҳдаи ин масъулият бар меомад ва аз манофеи Қурайш дифоъ мекард.
Вай, дар дифоъ аз ончи, ки ба он бовар дошт ба қадре ҳассосият дошт, ки ба ҳамин сабаб дар баробари ислом мавзеи хасмона мегирифт, чаро ки дини ҷадидро бо ин бутпарастии Қурайш мухолиф медид. Аз ин рӯ сарони Қурайш, аз ҷумла Умар (Худо розӣ бошад) пеш аз ислом оварданаш, мусулмонони мустазъаф ва бепуштибонро ба шиддат шиканҷа мекарданд. Чунончӣ Умар (р) як бор канизеро, ки мусулмон шуда буд, ба қадре зад, ки худаш хаста шуд. Дар ин вақт Абӯбакр (Худо розӣ бошад) аз онҷо гузашт ва чун ин саҳнаро дид, канизро аз Умар (Худо розӣ бошад) харид ва ӯро озод намуд.
Хулоса ин ки Умар (Худо розӣ бошад) бахше аз умрашро дар ҷоҳлият сипарӣ кард ва пас аз ислом оварданаш аз фарқи ҳаққу ботил ва имону куфр пай бурд.
Умари Форуқ соли -6-и биъсат исломро пазируфта, пас ба Мадина ҳиҷрат карданд.
Пас расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба Мадинаи Мунаввара ҳиҷрат карда, давлати исломро барпо карданд. Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам то соли 11-и ҳиҷрӣ давлатро сарвари намуда, пас аз дунё реҳлат намуданд.
Пас Абубакри Сиддиқ(Худо розӣ бошад) сарвари давлати исломи интихоб шуда, то соли 13-сарвари намуда, пас вай низ аз дунё гузашт.
Ҳазрати Умар (Худо розӣ бошад) аз соли 13-то 23-и ҳиҷрӣ сарвари давлати ислом буданд.
Дар хилофати Умари Форуқ 2 ҷанги калон ба вуқуъ пайвастааст:
- Ҷанги Қодисия-бо Форс дар соли 15-и ҳиҷрӣ
- Ҷанги Ярмук бо Рум дар соли 15-и ҳиҷрӣ
Соима Саидӣ