Рубрики Хабарҳо

Ҳаводиси фавқулода

26 январи соли 1972 стюардессаи  22-солаи ҳавопаймои Югославия Весна Вулович дар эҳсоси ғамгинӣ  буд, чунки  ӯро иштибоҳан ба хатсайри парвози аҷиб ва ношиноси Копенгаген — Загреб таъин карданд. Аммо воқеаҳое, ки пас аз чанд соат ба вуқӯъ пайвастанд, дигар фурсате барои фикр кардани ин иштибоҳу хубу зиштии кор намедод. Ҳодиса чунин буд, ки дар он ҳавопаймо бомба таркид. Охирин чизе, ки вай пеш аз таркидани бомба,  ҳангоми дар болои кишвари  Чехословакия дар баландии 10 ҳазору 160 метр парвоз мекард, ба ёд овард, табассуми самимии мусофирон  буд. Ҳавопаймо дар тайи сонияҳое   пора-пора  шуд, ки онҳо ба майдони васеи фазо титу парешон  пароканда шуданд. Ба замин ҳам пораҳои он ҳавопаймо омада афтод, ки маҳз дар яке аз онҳо  Весна Вуловичи  хаставу шикаста, вале зиндаро ёфтанд. Ӯ ягона касе буд, ки дар ин ҳамлаи террористӣ намурдааст.   Таркиши беҳад шадид, нури хеле дурахшон ва сардиҳои тоқатфарсо — танҳо он чизе, ки ман дар бораи он офат дар ёд дорам, — гуфт Весна Вулович. 

Веснаро дар замин  як сокини маҳаллӣ Брунои олмонӣ дучор омад, ки дар давраи Ҷанги Дуюми Ҷаҳон дар Вермахт хидмат кардааст. Бруно тапидани дили стюардессаро ҳис кард ва тахмин кард, ки духтар ба таври мӯъҷизавӣ  наҷот ёфтааст.  Стюардесса ба ғайр аз шикастани се ҷойи сутунмӯҳрааш, инчунин  дастҳо, пойҳо ва косахонаи сарашро ҳам аз  чанд ҷой шикаста буд.  Ҳар рӯз вай хотираи худро гум мекард, субҳи рӯзи дигар аз лаҳзаи савор шудан ба ҳавопаймои «нобарор» бо ӯ чӣ рӯй дода буд, фаромӯш мекард. Хотираи зан  пас аз чанд моҳ барқарор мешуд ва зан таркишро ба пуррагӣ танҳо пас аз 25 сол ба ёд овард. 

Табибон гуфта буданд, ки Весна  ҳеҷ гоҳ роҳ гашта наметавонад. Аммо  тавонист, зеро рассо чоруним сол машқ  кард. Он чӣ тааҷҷубовар аст, пас аз сиҳат шудан, ӯ дубора дар ширкати ҳавопаймоӣ ба кор даромад. Дуруст аст, ки онҳо ӯро ҳамчун стюардесса нагирифтанд, балки ӯро дар хидмати заминӣ гузоштанд. Весна Вулович аз соли 1985 рекордсмени Китоби рекордҳои Гиннес мебошад. Вай рекорди ҷаҳонии афтодан бе парашют аз нуктаи хеле баландро гузоштааст. 

Воқеан, стюардессаи 22-сола Весна Вулович набояд дар ин хатсайр  парвоз мекард, аммо бинобар иштибоҳи  идораи таъинкунандаи  ҳавопаймо, ӯро ба ҷои як стюардесса бо ҳамин ном (Весна Николич)  фиристоданд. Дар рӯзи офат, Весна ҳанӯз таҳсилро ба итмом нарасонида буд  ва дар ҳайати экипаж ҳамчун таҷрибаомӯз фаъолиятдошт. Вақте ки таркиш рух дод, Весна Вулович дар ҳуҷраи мусофирон кор мекард. Вай фавран ҳушашро аз даст дод ва баъдан натавонист ба ёд оварад, ки чӣ кор карда истода  ва дар куҷо буд. Омади бахти Весна на танҳо дар он буд, ки ҳавопаймо ба дарахтони барфпӯш афтод, балки дар ҳамон ҷо будани аскари олмонӣ ҳам кӯмакрасонии фаврии ӯ ҳам, хеле муҳим буд.  

Муддати дароз табибон ба зинда мондани ӯ бовар надоштанд. Ҳатто вақте ки Весна  ба худ омад, дар ин бора шубҳаҳо буданд. Аммо рӯзҳо сипарӣ шуданд ва тани  ҷавон ҳарчи бештар ба мубориза бо ҷароҳатҳо боварӣ дошт.  Пас аз ду моҳи садама Вуловичро бо ҳавопаймо аз Прага ба Белград интиқол доданд. Бими он доштанд, ки парвоз ба ҳолати рӯҳии духтар таъсири манфӣ мерасонад. Ба ҳар ҳол афтодан аз чунин баландӣ бе осори равонӣ буда наметавонад. Весна аз рӯйдодҳои он рӯзи даҳшатнок чизе дар ёд надошт ва аз ин рӯ ба парвози нав ҳеҷ гуна муносибат накард. Дар маҷмӯъ, барои табобат 16 моҳ вақт лозим буд, зеро  поёни бадани Весна фалаҷ буд. Весна Вулович моҳи декабри соли 2016 дар хонаи худ дар Белград дар синни 66-солагӣ даргузашт. Сабаби марг ошкор карда нашудааст.

Соима Саидӣ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *