Рубрики Хабарҳо

Эмомалӣ Раҳмон ва кӯшиши аз байн бурдани зиёии тоҷик

Дар фазои шӯравии собиқ Тоҷикистон аз зумраи кишварҳое ба шумор меравад, ки дар он тӯли 70 соли мавҷудияти режими коммунистӣ, новобаста аз роҳбарияти “гапдаро”-яш, ки ҳамеша аз ҷониби Маскав таъину тасдиқ мегардид, ҳамзамон фаъолони озодихоҳи аз ин низом норозӣ арзи ҳастӣ доштанд. Новобаста аз фишори зиёде, ки ҳукумат болои ин афрод меовард, ин фаъолони озодихоҳ батадриҷ ба гурӯҳҳои алоҳидаи сиёсиву фарҳангиву динӣ муттаҳид шудан гирифтанд. Махсусан аз нимаи дуюми солҳои 80-уми асри 20, вақте режими коммунистии Маскав рӯ ба таназзул овард, ҳаракати озодихоҳии зиёиёни тоҷик аз пинҳонкорӣ баромада, садо баланд кардан гирифт. Дарди асосие, ки ин зиёиёнро ба саҳнаи мубориза мекашид, фишори ноодилонаи Кремл болои хат, забон, фарҳанг, дин ва зиёиёни ин миллат буд.

Барои як давлати мустамликадори миёни феодализм ва капитализм қарордоштае чун Россия асосан на Тоҷикистони бо фарҳангу таърихи худ фарқкунанда, балки як ҷумҳурии бехату бесаводу бе пешвоёни миллие лозим буд, ки баҳри саноати бофандагии Россия ашёи арзони хом истеҳсол намояд. Баъд аз он ки дар ду даҳсолаи аввали Иттиҳоди Шӯравӣ аксари зиёиён ва равшанфикрони миллат бо иттиҳомоти “душмани халқ”, “хоини миллат” ва “элементи бегона” аз байн бурда шуданд, аппарати идеологии шӯравӣ акнун ба тоҷикони аз фарҳанги қадимии худ кандашуда ва нав бо хати кириллӣ ошногардида талқин мекард, ки тоҷикони “қафомонда” танҳову танҳо ба шарофати бародарони русашон соҳибфарҳанг гардиданд. Ва ҳатто хати форсиро низ душмани пешравӣ шуморидаву ғарам-ғарам китобҳои бо ин хат офаридашударо дар баробари рӯсариҳои занони тоҷик намоишкорона оташ зад. 22 июли соли 1989 маҳз таҳти фишори бевоситаи ин зиёиёни миллатдӯст парлумони кишвар (Шӯрои Олӣ)  қонуни забони тоҷикиро ба тасвиб расонд, ки мувофиқи он забони тоҷикии форсӣ забони давлатии Тоҷикистон эълон гардиду заминаи бунёдие барои рушди давлати миллӣ гузошта шуд.   

Чунин ранг гирифтани масъала, албатта ба Маскави даврони Елсин ва Кумитаи Бехатарии Давлатии ИҶШС, ки пас аз канда шудани ҷамоҳири Назди Болтик зидди ҳар гуна ташаббуси истиқлолиятхоҳии воқеӣ буд, сахт маъқул наомад. Маскави мустамликадор тариқи чекистҳояш, ки дар ҳама ниҳодҳои давлатӣ ҷой кунонида шуда буданд, ин вазъиятро мӯшикофона омӯхта, нақшаҳои тахрибкоронаи худро мекашид то ин кишварро ҳамчун манбаи ашёи хоми арзон, бозори фурӯши молҳои истеҳсолкардааш ва як мамлакати соҳиби мавқеи муҳими ҷуғрофӣ аз зери таъсираш раҳо накунад. 

Васоити ахбори Россия дар ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 Тоҷикистон бевосита даст доштани ҳарбиёни рус ва и кишвари худро аз натоиҷи ин ҷанги  бародаркуш рад ҳам намекунад. Натиҷаи мусоиди ин ҷанг барои Россия он буд, ки тарафдорони сохти коммунистӣ ва истиқлолиятхоҳонро зидди ҳам ба ҷанги яроқнок кашидаву ғалабаи аввалиҳоро бо дастгирии бевоситаи ҳарбиёнаш таъмин намуд. Дар натиҷа дастнишондаи худ – Эмомалӣ Раҳмонро сари қудрат овардаву дастгириаш кард то саркӯби гурӯҳҳои озодихоҳро дар дохили кишвар давом диҳад. Ба раҳбарии Тоҷикистони соҳибистиқлол амалан нафаре омад, ки дар ҳаракати истиқлолиятхоҳии миллӣ умуман саҳме надошт.  Баръакс, яке аз нафароне буд, ки дар соли 1991 бар зидди истиқлолияти кишвари худ овоз дода буд. 

Васоити ахбори оммаи давлатии тоҷик, ки мустақилияташро кайҳо аз даст додаву ба як олати тарғиби сиёсати Раҳмон табдил гардидааст, ҷанги шаҳрвандиро ба назари шаҳрвандони тоҷик чун муборизаи яроқнок миёни «диндорони қафомонда» ва «дунявиёни пешқадам» тасвир менамояд. Ин айнан давоми ҳамон идеологияи коммунистиест, ки ҳатто дар Россия кайҳо аз он рӯй гардониданду Эмомалӣ Раҳмон ва Ким Чен Ын — диктатори ҷавони Кореяи Шимолӣ ҳоло ҳам онро пайравӣ доранд. Аниқтараш, бо ин усули кӯҳнашудаи сиёсӣ мехоҳанд умри қудрати худро болои мардуми кишварҳояшон тариқи мушти зӯр дарозтар намоянд. 

Ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар бораи он қишри зиёиёни дунявӣ, ки аз нимаи дуюми солҳои 1980-ум фаъолона барои истиқлолияти кишвар садо баланд мекарданд, чун Тоҳири Абдуҷаббор, Шодмон Юсуф, Аслиддин Соҳибназаров ва сиёсатмадорони эҳтимолии ба майдони сиёсӣ боҷуръатона қадам ниҳодае чун Давлат Худоназаров ва Сайфиддин Тураев дидаву дониста чизе намегӯяд. Эмомалӣ Раҳмон инчунин намехоҳад эътироф намояд, ки Иттиҳоди Нерӯҳои Оппозитсионии Тоҷикистон (ИНОТ) танҳо аз як Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон иборат набуд. Чунин эътироф, албатта, ба манфиати ӯву командаи бо зӯрӣ ба қудрат расидааш нест. Осонтараш он аст, ки тамоми мухолифинро ҳамчун намояндагони ягона ҳизби динии расман ба қайд гирифташуда ба қалам додаву сипас ин ҳизбро дар пасманзари муборизаи афзояндаи зиддитеррористии байналмилалӣ «эсктремисти»-ву «террористӣ» эълон кунад.

Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси пешвои дунявигароён боре ҳам намегӯяд, ки намояндагони пешқадами адабиёт ва фарҳанги тоҷик чун устодон Лоиқ Шералӣ, Одина Ҳошимов ва Зафар Нозимов барои тарафдори  қувваҳои озодихоҳ буданашон то охири умри худ азият кашидаву аз эҳтиром бархурдор набуданд. Касе аз онҳо ба худ суол намедиҳад, ки чаро Бозор Собир, Гулрухсор Сафиева ва Ҷӯрабек Муродов солҳо аз ватанашон гуреза буданду ҳоло ҳам шоираи дар арсаи ҷаҳонӣ номдоре чун Гулрухсор Сафиева дар гӯшаи фаромӯшӣ «ҳабс» аст? Касе таҳқиқ намекунад, ки чаро сарояндагони номдор Одина Ҳошимов ва Давлатманд Холовро дар минтақаи Кӯлоб тарафдорони яроқноки Эмомалӣ Раҳмон беэҳтиромона латукӯб карданд, ки дар натиҷа аввалӣ бо дарду алам тирамоҳи соли 1993 вафот карду дуввумӣ муддати дарозе аз назарҳо ғоиб буд? 

Ва ҳеҷ кас то имрӯз намедонад, ки журналисти номдори даврони шӯрави Атахон Сайфуллоев, ки узви фаъоли ИНОТ буд ва аксбардори машҳур Муҳиддин Олимпурро кӣ ва барои чӣ кушт. Ва ҳамчунин марги нобаҳангоми адиби шинохта Сайф Раҳимзоди Афардӣ, ки замоне дар ҳайати командаи Раҳмон фаъолият кардаву аз сиёсатҳои солҳои охир пешгирифтаи ӯ комилан норозӣ буд, низ суолҳои зиёдеро ба миён меорад. Касе ҷуръати пурсидан ҳам намекунад, ки чаро Раҳматилло Зоиров, як коршиноси дараҷаи байналмилалии соҳаи ҳуқуқ, ки комилан дунявигарост, соли 2003 аз мансаби мушовири давлатии президент доир ба масоили ҳуқуқӣ ва сиёсати байналмилалӣ ихтиёран даст кашид. Боз чаро то имрӯз ин доктори илми ҳуқуқ дар кишвари худ ҷои кор пайдо накардаву мудом таҳти таҳқиру озор қарор дорад. Ва чаро ки ягонто аз ҷиноятҳои аз ҷониби «шахсони номаълум» зидди ӯ содиршударо ВКД кушода «наметавонад».   

Муборизаи Эмомалӣ Раҳмон ва командааш бар зидди оилаи олимони машҳури ислом -Тӯраҷонзодаҳо, ки дар мавриди идоракунии тоталитарии Раҳмон назари мустақил ва танқидӣ доранд, як қиссаи алоҳида аст. Чаро масҷиди номдори ин домуллоҳои машҳурро дар Ваҳдат Эмомалӣ Раҳмон баст ва чаро Эшони Нуриддинҷонро аз ҳаққи миёни мардум баромад кардан маҳрум сохт? Чаро Ҳоҷӣ Мирзоро нагузошт дар Кӯлоб фаъолияти эмоматиашро давом диҳад, дар ҳоле, ки рӯзҳои Ҷумъа масҷидаш аз намозгузорони сартосари ҷумҳурӣ, ки барои шунидани баромадҳояш меомаданд, лаболаб мешуду эҳтироми хосаро миёни мардум бархудор буд? Суолҳои хеле зиёде ҷамъ шудаанд, ки дар оянда мавриди таҳқиқи таърихнигорон ва сиёсатшиносони даврони истиқлолият дар Тоҷикистон хоҳанд гардид.

Ин мисолҳо бори дигар тасдиқ мекунанд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар пахши зиёиёни воқеии тоҷик ва парокандасозии ҳаракати истиқлолиятхоҳиву озодихоҳӣ дар ҳамдастӣ бо соҳибони хориҷиаш саҳми бевосита дорад. Имрӯз мақомоти бехатарии Раҳмон дар симои ҳар як ҳуқуқшиносу журналисти фаъол, ҳар як фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳар як озодандеши тоҷик, ҳар як домуллои боинсоф, ки рӯи худоро мегӯяд, сарчашмаи нооромиро дар Тоҷикистон мебинад. Кор то ҷое расидааст, ки фаъолияти ҳар як блогер, лайкмонии ҳар як хонандаи тоҷик дар пойгоҳҳои иҷтимоӣ ҳукумати Раҳмонро ба ташвиш меоварад. Раҳмон ҳатто барои дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намудани гуногунандешон «фабрикаи ҷавоб» ва барои тарғиби сиёсати худаш миёни ҷавонон гурӯҳи про-ҳукуматии ҷавонони «Авангард»-ро таъсис додаву рӯирост дастгирӣ менамояд. 

Аз ин бештар ӯ собиқ ҷанговарони Фронти Халқиро, ки дар солҳои ҷанги бародаркуш ӯро ба сари қудрат оварданд, ба ташкилоти ҷамъиятии «Сипарони ватан» муттаҳид намудаву барояшон дар пардохти барқпуливу андозсуропӣ имтиёзҳое ҳам муайян намуд. Ин гурӯҳ аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда пайваста бо такмили малакаҳои тирпарронӣ фаро гирифта мешуд. Президент мехост ин гурӯҳҳоро асосан бо мақсади ба ҳукумати марказӣ тобеъ намудани Бадахшони «саркаш» ва минбаъд зидди ҳар гурӯҳи озодандеши дигаре истифода бубарад. Бо ин кораш Эмомалӣ Раҳмон мутобиқ ба фаҳмиши танги худ мардуми мамлакатро ба «худи»-ҳову «бегона»-ҷудо кардаву ба ваҳдати миллӣ то андозае халал ворид сохт.     

Вақте роҳбарияти як мамлакати мустамликадор зиёиёни кишвари забткардаашро аз байн бурда, барои худаш зиёиёни “нав” меофарад, албатта фаҳмост. Ӯ намехоҳад, ки ин зиёиёни асил дар амалӣ намудани мақсадҳои забткоронааш халал ворид созанд. Вале барои чи Эмомалӣ Раҳмон зиёиёни воқеиро хуш надорад ва болояшон фишор меорад? и ҳар миллат тариқи бошуурона ва аз нуқтаи назари танқидӣ андешаронӣ намудан ҷомеъаҳояшонро ба пешавӣ водор месозанд ва ҳар яке дар рушди кишвари худ саҳми бевосита мегузорад. Зиёиён пешвоёни худраста ва захираҳои пурарзиши ҳар як миллатанд, ки роҳбарияти кишвари худро аз каҷравиҳо огоҳ месозанд ва бо роҳи муҳокимарониҳои кушода пеши болоравии фасод ва беадолатиро дар ҷомеа мегиранд. Намояндагони ин қишри фаъоли ҷомеа дар бунёди таҳкурсии дурнамои рушди миллати худ саҳми бевосита мегузоранд. Аз ин рӯ, Раҳмонро, ки пас аз 28 соли идоракунии бетанаффус акнун мехоҳад идоракуниро дар Тоҷикистон авлодӣ гардонад, ин гурӯҳ воқеан ҳам хушоянд нест. 

Муқоисаи таҷрибаи сиёсии имрӯзаи Қирғизистон нишон медиҳад, ки чи гуна бисёрҳизбиву рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳам фаъолии зиёиёнаш Қирғизистонро тадриҷан ба сохти мардумсолорӣ наздик оварда истодааст. Халқи Қирғизистон имрӯз ба манбаъи асосии қудрат мубаддал мегардад ва қодир аст ҳар як гурӯҳи қудратхоҳро, ки мехоҳад мошинаи идоракуниро ба манфиати худ истифода намоянд, ба осонӣ иваз созад. Дар муқоиса бо Раҳмони чаласавод ва тариқи яроқи хориҷӣ сари қудрат омада, Асқар Акаеви олим бо ҳама коммунист ва мансабдори даврони шӯравӣ буданаш барои миллати худ чун як зиёии воқеӣ хизмат намуд: пеши рушди озодии баёнро нагирифт, ба рушди гуногунҳизбӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат намуд ва баробари сар задани норозигиҳои аввалин дурандешона аз вазифааш истеъфо дод. Бо ин рафтораш Ақаев ба фарҳанги сиёсии идоракунӣ дар Қирғизистони соҳибистиқлол ибрати хуб нишон дод.  

Фарҳанги истеъфо ба Раҳмонови тариқи зӯрӣ сари қудрат омада, албатта, ки шинос нест. Новобаста аз таҷрибаи се даҳсола роҳбари як кишвар буданаш ӯро ҳеҷ наметавон зиёии миллат ва ё сиёсатмадори дурандеш номид. Баръакс, дар аҳди роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон фасоди иқтисодиву сиёсӣ, маҳалгароӣ, поймоли арзишҳои демократӣ бемайлон рушд намуд. Шиори “бо хун омадему бо хун меравем” маҳз маҳсули даврони роҳбарии Раҳмон мебошад. Ӯ ва командаи яроқбадастонаш дар кишвари худ мисли забткорони бегонае амал менамоянд, ки боигарии мамлакатро бераҳмона ғорат кардаву мардуми зиёди кишварро ба ҳиҷрати иҷборӣ ба мамолики ғайр водор сохтанд. Бо ҳама беҳунариаш Раҳмон тавонист як насли зиёиёни тоҷикро дар давраи аввали истиқлолият тариқи куштору фишороварӣ аз саҳнаи фаъолият дур созад. Вале Раҳмон имрӯз дигар бо ҳама кӯшишҳояш наметавонад ба фаъолияти босамари насли нави зиёиёни тоҷик, ки аз вируси авторитаризми ӯ аллакай иммунитет пайдо намудаву аз чаҳорчӯбаи сохтаи ӯ берун амал мекунанд, садди ҷиддӣ эҷод намояд.    

Анвар Мунавваршоев,

таҳлилгари сиёсӣ  

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *