Рубрики Хабарҳо

Агентӣ аз мусодираи 2,4т маводи нашъаовар хабар дод

Соли гузашта мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон беш аз 2,4 ҳазор кило маводи мухаддир мусодира карданд

Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон гуфтааст, ки ниҳодҳои қудратии кишвар дар соли 2020 беш аз 2,4 ҳазор кило маводи мухаддирро мусодира кардаанд.

Соли гузашта кормандони шӯъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир 144 ҷинояти марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро ошкор ва 183 кило маводи мухаддирро мусодира карданд.

Аз ин шумор 19 кило героин, 95 кило афюн, 40 кило ҳашиш, 15 кило каннабис, 15 кило моддаҳои психотропӣ ва беш аз 2 ҳазор дона ҳабҳои синтетикӣ будааст.

Ғайр аз он, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон муяссар гардид, ки беш аз 1,1 ҳазор кило ва кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ беш аз 1,9 ҳазор кило маводи мухаддири гуногунро нест кунанд.

Боз 27 кило маводи мухаддир дар Тоҷикистон аз ҷониби сохторҳои дигар мусодира шудааст.

Гуфта мешавад, ки дар соли 2020 Агентӣ 105 парвандаи ҷиноиро алайҳи 162 нафар ба додгоҳ фиристодааст.

Ёдрас мекунем, ки қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки тӯли се соли охир дар Тоҷикистон 35 гурӯҳи муташаккили ҷинояткор барҳам дода шуд.

Қисми зиёди маводи мухаддире, ки ба кишвар интиқол дода мешавад, дар марз ё минтақаҳои наздисарҳадӣ мусодира карда мешавад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *