10 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

КШНГЗС аз Салиби Сурх дархост кард ба қазияи Бобои Дона расидагӣ кунад

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон бо пахши як муроҷиатнома аз Кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон талаб кард, ки ба қазияи Донаёр Набиеви 87-сола, ки чанде пеш аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон бо иттиҳоми ифротгароӣ дастгир ва ба 7 соли зиндон маҳкум шуд, расидагӣ кунанд, чун вазъияти саломатияш дар зиндон бад шудааст ва ниёз ба табобат дорад.

Дар муроҷиатнома омадааст, “Мо медонем, ки дари зиндонҳои Тоҷикистон ҳамоно ба рӯи намояндагони Салиби Сурх бастааст. Аммо дар қалби мо шӯълаи умеде аст, ки шояд ин бор Раёсати умури зиндонҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон солманд будани Донаёр Набиевро ба инобат гирифта, ақаллан ба намояндагони Кумитаи Салиби Сурх ҳамчун созмони беғараз иҷозат медиҳанд, ки аз зиндон боздид кунанд ва ба ин мӯйсафеди бемор кӯмаки худро расонанд ва барои интиқол додани ӯ ба бемористони маҳбас мусоидат намоянд. Аз ин рӯ, бо эҳтироми зиёд аз шумо хоҳиш менамоем, ки дар қазияи Дониёр Набиев бетараф набошед ва ба ёрии ӯ биштобед”.

Ёдовар мешавем, ки Дониёр Набиевро рӯзи 27-уми августи соли 2020 дастгир карда,  муҳокимаи ниҳои ӯ се моҳ баъд рӯзи 28-уми декабр паси дарҳои баста дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе сурат гирифт. Ин узви пешин ва солманди ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро додгоҳ ба 7 сол зиндон маҳкум кард. 

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *