Дана Уайт, роҳбари мутлақи мусобиқаи размикорони бидуни қоидаи (UFC) дар бораи аҳамияти разми дубора байни Хабиб Нурмагомедови доғистонӣ ва Конор Макгрегори ирландӣ сухан гуфт.
Нашрияи Газета.ру бо истинод аз расонаҳои варзишӣ хабар дода, навишт, ки Уайт гуфтааст, “муборизаи варзишгарон пули зиёд меорад. Онҳо метавонанд пулҳои арзанда ба даст оранд. Барои Конор интиқоми шикасти гузаштаи худ муҳим аст ва Хабиб мехоҳад ду бор пирӯз шавад, то исбот кунад, ки воқеан қавитар аст.
Ёдовар мешавем, ки разми ин ду размикор тирамоҳи соли 2018 бо ғалабаи Ҳабиб Нурмуҳаммадов анҷом шуда буд.
Гуфтанист, чанде пеш низ Макгрегор аз Хабиб даъват карда буд, ки карераи худро дубора оғоз кунад ва дубора бо ӯ қувваозмоӣ кунад. Аммо Ҳабиб баъди пирӯзии охиринаш эълон кард, ки дигар дар мусобиқаҳо ширкат намекунад.