Categories Хабарҳо

Эрон аз рекорди содироти нафт дар даврони таҳрим хабар дод

Вазири нафти Эрон эълом карда, ки на танҳо содироти нафтӣ Эрон сифр нашуд, балки рекорди содироти фаровардаҳои нафтӣ дар даврони таҳрим шикаст. Бежан Зангина гуфтааст: “Доғи сифрӣ шудани содироти нефтро ба ҷигари Трамп гузоштем.” 

Бежан Зангина, вазири нафти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар маросими ифтитоҳияи намоишгоҳи байналмилалии нафт гуфт Эрон “доғи сифрӣ шудани содироти нафтро ба ҷигари Трамп” гузошт. 

Ишораи Зангина ба сиёсати фишори ҳаддиаксарии Доналд Трамп дар қиболи Эрон аст, ки ҳадафи онро сифр шудани содироти нафтии Эрон ва дар натиҷа тағйири рафтори сарони Ҷумҳурии исломӣ таъйин карда буд. 

Хабаргузории ИНСО ба нақл аз Зангина навишт: “Онҳо мурданд ва ба зуболадони таърих пайвастанд аммо мо бо умеди бештар барои зинда нигаҳ доштан ва ободонии кишвар ҳастем.” 

Бино ба гуфтаи вазири нафти Эрон содироти нафт на танҳо кам нашуда балки “болотарин рекордҳои содироти фаровардаҳои нафтиро дар даврони таҳрим сабт кардем.” 

Ин иддаои вазири нафтро хабаргузории Рейтерз пеш аз ин ва ба нақл аз ширкати  Tanker Trackers, ки киштиҳоро радаёбӣ мекунад матраҳ карда буд. 

Рейтерз моҳи сентябр дар гузорише аз қавл Самир Маданӣ яке аз бунёнгузорони  Tanker Trackers навишта буд: “Содироти Эрон дар ҳоли афзоиш аст ва моҳи ҷории мелодӣ ин содирот ба 5,1 миллион бушка дар рӯз расида, ки шомили нафти хом ва миъоноти нефтӣ аст.” Ин мизони содирот ба гуфтаи Маданӣ дар якуним соли гузашта собиқа надоштааст ва ду баробар мизони содироти Эрон дар моҳи қабл (август) аст. 

Бежан Зангина рӯзи қаблан дар гузорише ба маҷлис дар мавриди наҳваи муқобила бо таҳримҳо гуфта буд: Мо ҳар чӣ содир мекунем ба исми Эрон нест. Чанд бор тағйир мекунад ҳатто санадҳо ҳам тағйир мекунад, мушаххасот ҳам ҳамин тавр. Мегӯянд, ки чаро барномаҳоятро барои давр задани таҳримҳо тавзеҳ надодӣ. Ман агар барномаҳоро тавзеҳ диҳам нақшаи амалиётро лав додаам, ман фақат метавонам натоиҷро хидмати намояндагон бигӯям.” 

Ду моҳ баъд идораи иттилооти энергии Амрико дар гузорише эълом кард даромади холиси содироти нефти Эрон (шомили нефти хом, миъоноти газӣ ва моеъоти газӣ) дар шаш моҳаи ибтидои соли ҷорӣ 9 миллиард доллар бароварда шуда дар ҳоле, ки нимаи аввали соли гузашта ин рақам 20 миллиард доллар буд.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *