Categories Хабарҳо

Рӯзноманигор Далер Шарипов боздошт шудааст

Рӯзноманиогири шинохта Далер Шарипов дирӯз “барои сӯҳбат” даъват шуда, то ҳол ба хонааш барнагаштааст. Дар ин бора Раҷаби Мирзо дар гурӯҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор” итилоъ додааст.

Ба навиштаи Раҷаби Мирзо аз як соат пеш, “дирӯз ба журналист Далер Шарипов кадоме занг задаву ӯро ба сӯҳбат даъват мекунад. Соати 11 -и рӯз. Аммо аз ҳамон вақт бедарак аст. Дертар, наздиконаш гуфтаанд, ки аз хонаашон компутар ва чизҳои дигари ӯро бурдаанд. Вале то ҳанӯз ба онҳо касе намегӯяд, ки ӯ дар куҷост. кадом мақомот нигаҳдориаш мекунад ва бо чӣ ҷурм?”

Ҳамчунин Раҷаби Мирзо навиштааст “аз дина боз пайвандонаш ӯро меҷӯянд. Шаб ба чанде аз мақомот муроҷиат кардем, вале онҳо гуфтанд, ки аз ин қазия бехабаранд. Қонунгузорӣ, то ҷое медонам, дар ин ҳолатҳо тартиботи худро дорад ва ҳатто ба муҷрим ё гумонбаршуда имкони хабар додан ба хешу таборро медиҳад. Пас чаро чунин иҷозатро ба Далер намедиҳанд?” 

Дертар дар зери ҳамин пост Раҷаби Мирзо хабар додааст, ки Далер Шарипов пайдо шуда ва ӯро дар шӯъбаи КДАМ дар ноҳияи Шоҳмансур нигоҳ медоранд.

Мавҷи нави боздоштҳо дар Тоҷикистон аввали моҳи янавр шурӯъ шуда, то ҳол идома дорад. Додситонии кулл шумори боздоштшудаҳоро 113 нафар эълом кард, аммо тибқи иттилоъи манобеъи гуногун боздоштшудаҳо садҳо нафаранд. 

Ҳамчунин садҳо нафари дигар дар боздошти хонагӣ қарор дошта қариб ҳар рӯз ба мақомот даъват ва бозпурсӣ мешаванд. 

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *