Дар пойтахти Лаҳистон шаҳри Варшава, иҷрочиёни судӣ биноеро ишғол карданд, ки қаблан барои истифодаи сафорати Русия дода шуда буд, аммо бо қарори суд ба хазинаи давлатии Полша супурда шуд.
Хабаргузории ТАСС бо такя ба Сергей Андреев, сафири Русия менависад, ки робита ба ин сафорати Русия ба вазорати хориҷаи Лаҳистон нотаи эътирозӣ ирсол кардааст.
Қаблан Вазорати корҳои хориҷии Лаҳистон ба ниҳодҳои давлатӣ бо пешниҳоди оғоз кардани парвандаи иҷроӣ «аз рӯи ду объекти амволи ғайриманқул, ки ба ҳадафҳои дипломатӣ ва консулӣ истифода намешаванд ва дар ихтиёри ғайриқонунии Федератсияи Русия қарор доранд» муроҷиат карда буд. Додгоҳи Лаҳистон, тавре ки дар паёми департамент аз 1 марти соли 2022 гуфта мешавад, дар бораи ба хазинаи давлат додани ин ду иншоот дар Варшава ҳукм баровард.
Мири Варшава Рафал Тшасковский рӯзи 11 апрел ҳамроҳ бо сафири Украина дар Лаҳистон Андрей Дешитсия ба бинои Собиески 100 омаданд, менависад РИА Новости. «Мо моликияти биноро гирифтем ва мехоҳем онро ба дӯстони украинии худ бидиҳем» гуфт раиси муниципалитет ба нақл аз нашрия. Вай гуфт, ки бино тафтиш карда мешавад, ки оё онро таъмир кардан мумкин аст ё на.
Андрей Дещитсий гуфт, нақша дорад, ки парчами Украинаро дар болои ин бино парафшон кунад.
Ӯ афзуд, “Аммо мо мехоҳем ҳама корро тибқи қонун дар мувофиқа бо раиси шаҳр анҷом диҳем.”
Ба гуфтаи раиси намояндагии дипломатии Украина, вай ба вазорати хориҷаи Лаҳистон дархост ирсол карда, дар он ба иҷораи дарозмуддати бино изҳори таваҷҷӯҳ кардааст.
Полша дар охири моҳи март аз ихроҷи 45 дипломати рус бо иттиҳоми ҷосусӣ хабар дод. Ихроҷи онҳоро раиси Оҷонси амнияти дохилии Лаҳистон, ки рӯйхати 45 дипломати русро тартиб додааст, тақозо кардааст: онҳо, ба гуфтаи ин шӯъба, ё дар хадамоти вижаи Русия кор мекунанд ё бо онҳо робита доранд. Русия дар посух изҳор дошт, ки ҳамчунин 45 корманди сафорати Лаҳистон дар Маскав ва консулгариҳои генералӣ дар Иркутск, Калининград ва Санкт-Петербургро ихроҷ мекунад.