Имрӯз давраи асосии имтиҳонҳои дохилшавӣ ба мактабҳои миёнаи касбӣ ва донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистон ба охир расид.
Дар 47 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ нуқтаҳои имтиҳонсупорӣ ташкил шуда, довталабон аз 1 то 7 июли соли 2021 имтиҳон супориданд.
Тавре Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон ба расонаҳои маҳаллӣ иттилоъ иттилоъ додааст, дар марҳалаи асосии имтиҳонҳо, 103429 нафар довталаб худро сабти ном карданд, ки аз инҳо 91504 нафарашон довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва 11925 нафари дигарашон хатмкардаҳои мактаби асосӣ (синфи 9) мебошанд.
Тибқи маълумоти расонаишуда, раванди имтиҳонҳо аз ҳамаи марказҳои имтиҳонӣ тавассути камераҳои назоратӣ дар ҳолати бархат (онлайн) дар сӯйи Марказ пахш карда мешавад.
Гуфта мешавад, ки натиҷаҳои имтиҳонҳо, хол ва балҳои бадастовардаи ҳар яке аз довталабон ва ба озмуни тақсимот роҳ ёфтан ё наёфтани онҳо, 20‑уми июли соли ҷорӣ эълон мешавад.
Хабаргузории “Азия плюс” менависад, яке аз нуқтаҳои имтиҳонсупорӣ, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи рақами №71 шаҳри Панҷакент ташкил шуда буд, дидан кардааст. Тибқи иттилои хабаргузорӣ, дар ин нуқта 3875 нафар довталаб имтиҳон супоридаанд.
Гуфтанист, соли дуюм аст, ки дар Тоҷикистон имтиҳоноти вурудӣ ба донишгоҳу донишкадаҳо дар шароити ҳамагирии вируси куруно баргузор мешаванд ва имтиҳонот таҳти тадобири шадиди беҳдоштӣ мегузаранд.