Баъзе одамон маъюбиро маҳдудият мешуморанд, аммо маъюб будан, яъне ягон айбу нуқсони равониву ҷисмоние доштан гоҳо боиси аз ягон ҷиҳат нисбати дигарон бартариҳое доштан ҳам мешавад. Маъюбон ҳамон зану мардони шуҷоянд, ки бо санҷишҳои бузурги Офаридгор рӯбарӯ шуда, бо қатъият барои расдан ба ҳадафҳояшон саъй мекунанд. Атрофиёнашон одамони солим бошанд ҳам, ин ҳолатро ҷазои тоқатнопазир мепиндоранд. Дар зер мо ба шумо дар бораи бисту панҷ нафар рӯҳбаландони сабур мегӯем, ки тавонистанд маҳдудиятҳои ҷисмонии худро таҳаммул ва паси сар кунанд!
Ҳелен Келлер аввалин шахсе, ки кӯр ва кар буд, аммо заҳмат кашиду таҳсил кард ва дипломи маълумоти олӣ гирифт.
Стиви Уандер яке аз овозхонҳо ва мусиқинавозони машҳури замони мост, ки модарзод нобино таваллуд шудааст. Воқеан нобиноёни машҳур хеле бисёр ҳам ҳастанд.
Ленин Морено, ки аз соли 2007 то 2013 ноиби президенти Эквадор буд, сиёсатмадори бузургест, ки пас аз захм бардоштан дар вақти ҳамлаи мусаллаҳона, фалаҷ шудааст. Бо ҳамин ҳоли фалачиаш коҳои бузурги арсаи сиёсаатро пеш бурдааст.
Марли Матлин, ки бо нақши худ дар як филми бачагона шинохта шудааст, аслан тамоман намешунавад. Вай яке аз ҳунарпешаҳои муваффақи замони мост.
Ралф Браун, ки бо дистрофияи мушакӣ ба дунё омадааст, асосгузори ширкати Braun Corporation мебошад, ки ин ширкат истеҳсолкунандаи пешбари мошинҳои дастраси маъюбӣ аст. Маҳз дар ҳамин ширкат дар натиҷаи заҳматҳои худ як миниван (мусофирбари хурд) сохтааст, ки барои одамони маъюб пурра мутобиқ карда шудааст. Дар ниҳоят, ширкат аввалин микроавтобуси дорои курсии маъюбӣ низ эҷод кард.
Ҷон Ҳокенберри рӯзноманигори шабакаи NBC дар солҳои 90-уми асри гузашта яке аз аввалин рӯзноманигорон буд, ки дар телевизион дар аробачаи маъюбӣ пайдо шуд. Бемории ӯ модарзодӣ набуда, дар 19-солагӣ, ӯ дар садамаи автомобилӣ сутунмӯҳраашро захмӣ кардааст ва аз ин рӯ маҷбур танҳо дар аробаи маъюбӣ ҳаракат мекунад.
Оё тасавввур карда метавонед, ки нобиное дар навъи варзиши давандагӣ иштирок кунад. Марла Ранян як давандаи амрикоӣ аст ва нахустин варзишгари нобиноест, ки ба таври расмӣ дар Олимпиада ширкат мекунад.
Мусаввир ва нависандаи ирландӣ, Кристи Браун гирифтори фалаҷиест, ки ду дасту як пояш корношоям мебошад ва метавонад танҳо бо як пой бинависад, чоп кунад ва расм кашад.
Рӯзноманигори маъруфи фаронсавӣ Жан-Доминик Боби соли 1995 дар синни 43-солагӣ ба сактаи дил гирифтор шуд. Пас аз 20 рӯзи дар ҳолати кома будан, бедор шуд ва фаҳмид, ки вай танҳо чашми чапашро кушодаву пӯшида метавонад. Духтурон ба ӯ ташхиси бемории “ҷисми қулфшуда» -ро гузоштнд, ки ин навъ беморон аз ҷиҳати ҷисмонӣ тамоман фалачи шахшудаанд, аммо равонан ақлу даркашон расо мондааст. Пас аз 2 сол, Жан-Доминик Боби вафот кард, аммо дар тӯли ин муддати кома ӯ тавонист як китоби томро эҷод кунад, дар ҳоле, ки танҳо чашми чапаш медиду кушодаву пӯшида метавонист. Шояд ӯ бо ҳамин чашмаш ҳарфҳоро ишора мекарду нафаре дигар ин ҳамаро менигошт.
Фрида Кало, яке аз маъруфтарин рассомони Мексика дар асри 20 аст,ки ҳангоми ба садама дучор шудани троллейбус дар наврасиаш захмӣ шуда буд. Тахтапушташ то охири умр пурра барқарор нашуд. Дар кӯдаки дучори бемории полиомелит ҳам буд, ки дар натиҷа шакли пойҳояш каҷ шуда монданд. Маҳз тасвирҳое, ки дар аробачаи маъюбӣ эҷод кардааст, барояш шӯҳрати беандозае овардаанд.
Судха Чандран, раққоси маъруф ва ҳунарпешаи Болливуд, яке аз пойҳои худро аз сабаби гангрена шудан пас аз садамаи автомобилӣ дар соли 1981 гум кардааст. Аммо фаъолияти эҷодиашро дар самти санъат қатъ накард.
Ингуна инсонҳои қавиирода дар дунё кам нестанд ва мо дар ин ду бахши “Донистаниҳои аҷиб” фақат бархеро интихоб карда бобаташон бароятон маълумот доданием. Аммо домони ҳамин мавзӯъро фаротар гирифта, боз ҳам дар ҷустуҷӯ бошед,албатта ба зиндагӣ дилгармии бештаре пайдо хоҳед кард.
Стивен Ҳопкинг Бо вуҷуди дар 21-солагиаш ташхиси бемории склерози паҳлуии амиотрофӣ гузоштани духтурон , тавонистааст, ки яке аз пешвоёни илми физика дар ҷаҳон гардад.
Бетани Ҳэмилтон бошад илҳомбахши филми «Surfer of Soul» (сурфури ҷон) шуд. Бетани ҳанӯз дар 13 солагиаш ҳангоми ҳамлаи наҳанг дар Гавайя , аз дастонаш маҳрум шуда буд. ммо ин ҳодиса ӯро мутаваққиф накард, балки пас аз се ҳафта боз ҳам ба саҳфаи гаштугузор (серфинг) баргашт. Сёрфинг ин навъи варзиши обӣ аст, ки дар уқёнус хат-хат тахта гузошта роҳи махсус омода кардаанд ва бояд аз рӯйи он шиновар дар шино мусобиқа варзад.
Людвиг ван Бетховен, бо вуҷуди он ки дар 26-солагӣ шунавоии худро гум кардааст (эҳтимолан бадтарин чизе, ки бо оҳангсоз рӯй дода метавонад), мусиқиро идома дод ва аксари асарҳои дӯстдоштааш воқеан вақте навишта шудаанд вай аллакай тамоман кар буд.
Кристофер Риве, ки бо нақши худ ҳамчун Супермен маъруф аст, соли 1995 пас аз афтидан аз аспаш ба маюъбие гирифтор шуд, ки нисфи танаш аз ҳаракати дуруст монд. Бо вуҷуди ин, ӯ касбашро идома дод ва дар соли 2002 ба ҳайси яке аз коргардони филми аниматсионии Universal Hero хеле машҳур шуд.
Ба Ҷон Нэш, математики машҳури амрикоӣ, духтурони равоншинос ташхиси шизофренияи параноид гузошта буданд. Дар асоси зиндагии ӯ филме соли 2001 бо номи Бозиҳои Ақл рӯйи навор омадааст.
Винсент Виллем Ван Гог як рассоми пост-импрессионисти ҳолландӣ мебошад, ки асарҳояш ба рангорангии маъно дар асри 20 таъсири абадӣ дошт. Дар тӯли даҳ сол ӯ беш аз 2100 асар, аз ҷумла тақрибан 860 нақшҳои равғанӣ офаридааст. Бо вуҷуди он, ки муҳаққиқон то ҳол дар бораи ташхиси дақиқи ӯ баҳс мекунанд, вай дар тӯли умри худ чандин бемористонҳо ва хонаҳои интернати барои беморони рӯҳӣ пешбинишуда табобати равонӣ гирифтаст.
Алберт Эйнштейн, сарфи назар аз он, ки номи ӯ қариб синоними зеҳн аст, аз маълулияти омӯзишӣ ранҷ мекашид ва танҳо дар синни 3-солагӣ сухан гуфтанро оғоз кард.
Ҷон Милтон, нависанда ва шоири инглис дар синни 43-солагӣ нобино шуд, аммо ин ӯро аз эҷоди машҳуртарин асараш “Биҳишти гумшуда” боз надошт.
Тэнни Грей-Томпсон, ки бо нуқсони зону таваллуд шудааст, ҳамчун ронандаи бомуваффақияти аробачаи маъюбӣ дар мусобиқаи маъруфи бритониёӣ шинохта шудааст.
Франсиско Гойя, рассоми маъруфи испанӣ дар синни 46-солагӣ шунавоиро аз даст дод, аммо баъзе асарҳои машҳури санъати асри 19 офаридаи дастони моҳири ӯянд.
Сара Бернхардт ҳунарпешаи фаронсави аст, ки , пояшро бар асари захми зонуаш буридаанд, аммо ӯ то дами марг фаъолияташро идома дод. То имрӯз, вай яке аз бузургтарин актрисаҳои Фаронса ба ҳисоб меравад.
Лорд Нелсон афсари бритониёӣ дар флоти баҳрӣ мебошад, ки яке аз бузургтарин фармондеҳони замони худ шинохта шудааст. Бо вуҷуди он ки дар рафти набардҳо аз дасту чашмаш маҳрум шудааст, ӯ дар майдони ҷанг боқӣ монда то соли 1805 боз ҳам пай дар пай ғалаба кардааст.
Франклин Делано Рузвелт, ки дар давраи ҷанги ҷаҳонии дуюм президенти Иёлоти Муттаҳида буд, дар кӯдакӣ аз полиомиелит азият мекашид ва аз ин рӯ дар хона аз аробаи маъюбӣ истифода мекард. Бо вуҷуди ин, вай кӯшиш дошт, ки ӯро дар аробачаи маъюбӣ дар ҷамъият набинанд, аз ин рӯ ҳамеша ӯро посбонон аз ҳарду тараф дастгирӣ мекарданд.
Ник Вуйчич, ки бидуни дасту пой таваллуд шудааст, дар Австралия ба воя расидааст ва бо вуҷуди маҳдудиятҳои ҷисмонии худ, баъдтар дар скейтборд ва ҳатто серфинг машғул шуданро ёд гирифт. Имрӯзҳо ӯ як садри рӯҳбаландкунандаи даврони худ буда ҳатто як сол ғолиби озмуни “Ҷавони австралиягии сол” гардида буд.