Пулиси Мумбай 14 нафар духтурро боздоштааст, ки дар истифодаи ваксинаҳои қалбакии коронавирус даст доранд.
Расонаи иттилоотии Daily Mail навиштааст, ки духтурон ба ҷои дору ба мардуми маҳаллӣ об фиристоданд. Моҳҳои май ва июни соли 2021, дар шаҳр ҳадди аққал 12 барномаи эмгузаронии қалбакӣ таҳия карда шуданд. Ба зиёда аз 2500 нафар ваксинаи қалбакии намакоби оддӣ гузаронидаанд.
Дар ҳоли ҳозир боздоштшудаҳо дар фитнагарӣ, қаллобӣ ва куштор айбдор мешаванд.
Дар моҳи июн низ чунин ҳодисаҳо дар Кения ба қайд гирифта шуданд. ки табибони маҳаллӣ ба ҷои ваксинаи коронавирус сокинонро бо об эм карда буданд ва барои он пул ҳам талаб карданд. Ҳамзамон, сокинони кишварҳои Африқо ҳақ доранд, ки эмгузаронии ройгонро бо доруҳои ширкати Шветсия ва Бритониёи AstraZeneks бигиранд.Аммо дар ҳолати нарасидани маводи дорувор баъзе табибон ба эмгузарониҳои пулакӣ ба Кения шурӯъ карданд. Ваксинаашон бошад, оби оддӣ буд.