Дар фурӯдгоҳи Намангон чанд тоҷик дармондаанд
Гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷик, ки мехостанд тариқи фурӯдгоҳи Узбекистон ба Русия сафар кунанд, аз он шикоят доранд, ки 3 рӯз боз дар фурӯдгоҳи Намангон дармондаанд. Ин муҳоҷирон бо ирсоли навор аз назди фурӯдгоҳ мегӯянд, онҳо бояд 3 рӯз пеш аз ин фурӯдгоҳ парвоз мекарданд. Аммо ҳар рӯз парвозашон ба таъхир гузошта мешавад.
Ба иттилои Радиои Озодӣ муроҷиатҳои мусофирон ба фурудгоҳ барои таъмин кардани онҳо бо меҳмонхона ҳам натиҷа надодааст. Маълум нест, ки ин муҳоҷирон аз кадом ширкат билет харидаанд. Дар ҳамин ҳол, бархе аз дигар корбарони Радиои Озодӣ мегӯянд, барои гузаштан аз марзи Узбекистону Тоҷикистон марзбонони тоҷик аз онҳо пул талаб мекунанд.
Ба радиои Паём чанде аз муҳоҷирони аз Панҷакент ба Русия тавассути Узбекистон раҳсипоршуда занг зада шикоят карданд, ки дар гузаргоҳи сарҳадӣ сарҳадбонони Тоҷикистон аз мусофирон пул талаб мекунанд.
Як муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия, ки нахост номаш ифшо шавад ба Паём гуфт, дар Панҷакент, гузаргоҳи Саразм — Ҷартеппа сарҳадбонони тоҷик аз ҳар нафаре, ки сафари муҳоҷират ба Русия дорад 1000 сомонӣ пул талаб мекунанд. Аз иддае то 1500- 2000 сомонӣ низ талаб кардаанд.
Бошандагони шаҳри Панҷакент, ки барои сафари муҳоҷирати корӣ вақтҳои охир аз фурудгоҳи шаҳри Самарқанди Узбекистон истифода мекардаанд, шикоят аз он доранд, ки сарҳадбонон дар гузаргоҳи Саразм ба нафароне, ки намехоҳанд, пул диҳанд, таҳдид мекунанд, ки агар пул надиҳед шуморо аз ҳамин ҷо рост ба сарҳади Афғонистон ба ҷанг мебарем.
Мақомоти тоҷик то кунун ба ин шикоятҳо вокуниш нишон надодаанд.