Дар ноҳияи Панҷ раиси ҳукумати ин ноҳия бо соҳибкорони ноҳия вохӯри анҷом дода, аз онҳо талаб кардааст, ки дар сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ, хоса дар бунёди коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, бунёди биноҳои баландошёна саҳмгузорӣ кунанд. Ҳамчунин аз кам саҳм гузоштани баъзе соҳибкорон дар корҳои ободонӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ изҳори норозигӣ кардааст.
Дар ин чорабинӣ гуфта шудааст, ки аз 110 иншооти ҷашниии ба нақша гирифташуда 89 дарсадаш аз ҳисоби соҳибкорон аст, ки аксари онҳо сохта ба истифода дода шуда, аз ин ҳисоб садҳо сокини ноҳия бо ҷойи кор таъмин шуданд.
Раиси ноҳия илова кардааст, ки барои соҳибкорон тамоми шароитҳоро фароҳам оварда шудааст ва дар оянда низ фароҳам хоҳад буд, аз ин рӯ, соҳибкорон дар корҳои ободонӣ, бунёди коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои томактабӣ, бунгоҳу марказҳои саломатӣ, муассисаҳои таълимӣ, таъмири роҳҳои маҳалӣ ва дигар иншоот бояд саҳми арзанда гузоранд.
Шоҳиён Зарифхоҷа, раиси ноҳияи Панҷ аз соҳибкорон талаб кардааст, ки барои истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии кишвар, ки рӯзҳои ба шумор боқӣ мондаанд, корҳо боз ҳам ҷоннок карда шаванд.