+73 дар Кувайт. Мошинҳо об мешаванд (Навор)
Дар Кувайт қисмҳои пластикии мошинҳо ва чароғакҳои роҳнамо аз гармии офтоб об шуда истодаанд хабар медиҳад расонаи иттилоотии Khaleej Times.
Дар кишварҳои нимҷазираи Араб гармшавии ғайримуқаррарӣ ба мушоҳида мерасад. Ҳарорати ҳаво дар Кувайт дар давоми ҳафта +50 дараҷа буд. 6 июл ҳарорат ба +73 дараҷа расид. Дар кӯчаҳо ҷойи сояву салқин ёфтан имкон надорад.
Дар баъзе шаҳрҳои калон бинобар баланд шудани ҳарорат маҳдудиятҳои барқ ба қайд гирифта шуданд. Масъулин инчунин аз сокинони маҳаллӣ даъват карданд, ки кондитсионерҳои кӯҳнаро иваз кунанд, зеро онҳо қувваи барқро бисёр масраф мекунанд ва мушкилот дар симҳои барқ аз ҳад зиёд эҷод мешавад.
Ғайр аз ин, сокинони Кувайт мошинҳо ва дигар ашёи дар офтоб обшавандаро ба навор гирифтанд. Ин лавҳаҳои ғайритабиӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудаанд.
Тибқи гузоришҳо, гармии ғайримуқаррарӣ дар кишвар аввали моҳи июн шурӯъ шудааст. Ҳавошиносон мегӯянд, ки интизор меравад ҳарорати ғайримуқаррарӣ дар авоили моҳи сентябр ба поён расад.