Рубрики Хабарҳо

Вазири хориҷа: Душанбеи расмӣ ҳеҷ иртиботе бо Толибон надорад

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон тамоси мақомоти Душанбе бо Толибонро рад кард.  “Душанбе ҳамеша Кобули расмиро ҳокимияти қонунӣ дар Афғонистон медонад ва ҳеҷ гоҳ бо намояндагони ҳаракати “Толибон” вохӯрӣ ё гуфтушуниде нагузаронидааст”, — гуфт ӯ имрӯз дар нишасти хабариаш.

Ӯ дар бораи музокироти эҳтимолии намояндагони Толибон ва ҳукумати Афғонистон дар Тоҷикистон гуфт, ба Тоҷикистон пешниҳод нашудааст, ки барои музокироти байни Афғонистон миёни Кобул ва Толибон макон ҷудо кунад.

«Мо аз ҳарду ҷониб ҳеҷ пешниҳоде барои гузаронидани музокирот дар қаламрави худ нагирифтаем» — таъкид кард Сироҷиддин Муҳриддин.

Дар ҳамин ҳол, вазири корҳои хориҷӣ қайд кард, ки Тоҷикистон музокироти ҷонибҳои афғон дар Доҳа ва дигар ҷойҳоро аз наздик пайгирӣ мекунад ва умедвор аст, ки онҳо муваффақ хоҳанд шуд.

Ба гуфтаи ӯ, ахиран вазъият дар ноҳияҳои Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарзанд, ба таври ҷиддӣ шиддат гирифт, “лекин сарҳадҳои Тоҷикистон дар ин самт боэътимод посбониву назорат мешаванд”.

Дар робита ба масъалаи гурезаҳо аз Афғонистон вазир гуфт, имрӯз саҳеҳан наметавон гуфт, ки Тоҷикистон чӣ қадар гурезаҳоро аз ин кишвари ҳамсоя қабул карда метавонад.

Сироҷиддин Муҳриддин зикр кард, ки ӯ ба ақидаи бархе аз ҳамкоронаш дар ҳукумат дар бораи имкони қабули шумораи зиёди паноҳандаҳо аз Афғонистон дар Тоҷикистон розӣ нест.

“Дар ин масъала вазъи марбут ба пандемияи коронавирус, омодагии урдугоҳҳо барои гурезаҳо, инчунин омодагии Тоҷикистон ба ворид шудани террористон ба ҷумҳурӣ зери ниқоби паноҳандагон ва маосили дигарро бояд дар назар гирифт”, — илова намуд вазири корҳои хориҷӣ.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *