10 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Моли ба яғмо бурдаи духтари Каримов ба Ӯзбекистон баргардонида мешавад

Духтари раисҷумҳури собиқ Ислом Каримов Гулнора Каримова бо роҳи қочоқ аз Ватани худ ба кишварҳои бегона дороиҳои зиёдеро ба яғмо бурдааст. Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо мақомоти Швейтсария, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Фаронса, Федератсияи Русия ва дигар кишварҳо ҷиҳати баргардонидани амволи ғайриқонунӣ рабудашуда фаъолона ҳамкорӣ мекунад. 

Дар натиҷаи коре, ки мақомоти Узбакистон доир ба баргардонидани амволи бо роҳи ҷиноӣ рабудаи Каримова анҷом додаанд, чанде пеш аз Фаронса ба Узбакистон 10 миллион доллар баргардонида шуд.

Ҳамзамон, 11 феврали соли ҷорӣ даври навбатии музокироти Швейтсария ва Узбакистон баргузор шуд. Дар он тарафхо ба созиш расиданд, ки Хазинаи эътимодноки  бисёртарафаи Созмони Милали Муттахид таъсис дода шавад. Ин маблағ барои баргардонидани дороиҳои дар ҷараёни парвандаи ҷиноӣ алайҳи Гулнора Каримова мусодирашуда масраф мешавад. Айни ҳол ба арзиши 131 миллион доллар дороиҳо барои баргардонидан ба Ӯзбекистон омодаанд.

АЗ ДУНЁ ХАБАР

АЗ ДУНЁ ХАБАР

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *