Categories Хабарҳо

“Пешво” ба хонаводаҳои 15 куштаи ширкати домодаш ҳамдардӣ накард. Домодаш ҳам аз об хушк мебарояд

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки баробари рух додани кӯчактарин садамае дар ҳар кадом гӯшаи дунё аввалин шуда ба роҳбари он кишвар барқияи таслият ирсол мекунад, ба хонаводаи 15 куштаи садами Кӯлоб то ҳол изҳори ҳамдардӣ накардааст. Ин дар ҳолест, ки гунаҳкори садама ширкати мутааллиқ ба домодаш аст.

Бисёр кам воқеъ мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон, ки чоплусонаш ӯро “пешвои муаззами миллат” мехонанд ба ҳатто бузургтарину даҳшатноктарин ҳаводису садамаҳо дар кишвараш камтарин таваҷҷӯҳе зоҳир кунад. Таҳлилгарон мегӯянд ӯ мардуми Тоҷикистонро ғуломи худ меҳисобад ва зоҳиран ба ин назар аст, ки ғуломон арзиши камтарин таваҷҷӯҳ ва ҳамдардии “пешвои муаззам” мисли ӯро надоранд. 

Аз садамаи Кӯлоб, ки тибқи иттилоъи манобеъи “Паём” на камтар аз 15 нафар кушта ва беш аз даҳ нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд, наздики 2 шабонарӯз мегузарад, аммо аз раисҷумҳури кишвар садое дар бора шунида намешавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки як рӯз қабл аз садамаи Кӯлоб ӯ ба раисҷумҳури Гурҷистон бинобар зери ярч мондани 15 нафар дар истироҳатгоҳи “Шови” изҳори “андӯҳи амиқ” кард.

Дар барқияи Раҳмон ба Саломе Зурабишвили омадааст:

“Хонуми Олиҷоҳ,

Хабари ба ҳалокат расидан ва осеб дидани теъдоди зиёди одамон бар асари фаромадани ярч дар осоишгоҳи Шовии Гурҷистони дӯст боиси андӯҳи амиқи мо гардид.

Дар иртибот ба оқибатҳои фоҷеабори ин офати табиӣ таъзияву ҳамдардии самимии худро ба Шумо, пайвандону наздикони фавтидагон ва мардуми дӯсти Гурҷистон изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳам”.

Ин ҳам дар ҳолест, раисҷумҳури Тоҷикистон мухолифонашро бинобар фаъолият дар хориҷ “бегонапараст” мехонад. 

Гуфтанист, дар ҳоле, ки Эмомалӣ Раҳмон як таслият ба хонаводаҳои кушташудагон дар Кӯлобро дареғ медорад, Саломе Зурабишвили дирӯз, 7 августро дар Гурҷситон мотами умумимиллӣ эълон карда буд.

Садамаи Кӯлоб, ки бар замми пахш кардани чандин мошину пиёдарав, хонаеро низ, ки дар он фардои ақди никоҳ маросими “рӯйбинон” мегузарониданд рӯи меҳмонону соҳибтӯй чаппа кард, бо кӯтоҳии ширкати “Кафолат Воридоту Содирот” рух додааст. Ин ширкат яке аз бахшҳои холдинги маъруфи “Фароз” мутааллиқ ба Шамсулло Соҳибов, домоди раисҷумҳури Тоҷикистон аст.

Мошини “Дулан”-и мутаалиқ ба ин ширкат дар натиҷаи канда шудани тормозҳояш аз баландии самти ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо суръати баланд вориди шаҳри Кӯлоб мешавад, ки дар натиҷа онро ба мотамхона табдил медиҳад. Масъули асосии ин садама маҳз ширкати “Кафолат Воридоту Содирот” аст, ки бо гумони ғолиб вазъи техникӣ ва ҳаҷми бори мошинашро контрол накардааст.

Абдусамад Қурбонов, як ронандаи собиқадори тоҷик, ки қаблан дар Тоҷикистон мошинҳои “Дулан” идора мекардаву ҳоло дар Аврупо низ мошини боркаш меронад, ба “Паём” сабаби ҳодисаро чунин шарҳ дод: 

“Канда шудани тормози мошин дар ду ҳолат имкон дорад: ё системаи тормозии он аз ҳад зиёд фарсуда шуда, муддати тӯлонӣ муоина ва иваз нашудааст ва ё бори мошин аз ҳади иҷозашуда хеле зиёдтар будааст. Ва ё ҳарду ҳолат якҷоя иттифоқ афтодаанд. Дар ҳарду ҳолат ҳам ҷавобгари асосии садама бояд ширкати молики мошин бошад, ки ба вазъи техникии мошинаш бетаваҷҷӯҳӣ кардааст”.

Ба гуфтаи ӯ дар Аврупо ва дигар кишварҳои мутамаддин баъди чунин садама ширкат на танҳо тамоми масориф ва ҷуброни зарари моддиву маънавиро пардохт мекунад, балки дар аксари ҳолатҳо аз фаъолият маҳрум карда шуда, масъулинаш зиндон мешаванд. 

“Барои мисол марги як нафар баъди канда шудани як чархи мошини ширкате, ки ман дар он кор мекунам сабаби масрафи чандмиллоиндолларии ин ширкат гардид, ду нафар зиндон шуданд ва фаъолияти ширкат наздики 50 дарсад маҳдуд шуд. Агар ширкати “Кафолат Воридоту Содирот” дар Аврупо ё кишварҳои дигари пешрафта қарор медошт, ҳатман миллионҳо доллар ҷарима шуда баста мегардид ва масълинаш ба зиндон мерафтанд”. 

Хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки тамоми соҳаҳои иқтисоди кишварро монополия кардааст, ҳаргиз барои ҳеҷ ҷинояте посух нагуфтааст. Ҳарчанд шумори ҷиноятҳои аъзои ин хонавода, чи ҷиноятҳои иқтисодӣ ва чӣ қатлу куштору таъқиб, аз ҷиноятҳои дилхоҳ бандаи ҷиноятӣ бештар аст.

Тибқи шавоҳиди нашргашта Шамсулло Соҳибов, домоди Эмомалӣ Раҳмон дар қатли Умаралӣ Қувватов, мухолифи сарсахти ҳукумати Раҳмон низ мустақиман даст дорад.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *