Сулаймон Сойлу, вазири умури дохилии Туркия гуфт, то моҳи декабри соли 2021 дар маҷмӯъ 193 293 суриягӣ, аз ҷумла 84 152 кӯдак шаҳрвандии Туркияро дарёфт кардаанд.
Вай афзуд, ҳудуди 3,7 миллион нафар паноҳҷӯёни суриягӣ дар ин кишвар таҳти ҳимояти байналмилалӣ умр ба сар мебаранд. Дар натиҷа дар Туркия беш аз 700 ҳазор нафар кӯдаки суриягиҳо ба дунё омадаанд.
Вазир ҳамчунин ба бемасъулиятии доимии Аврупо дар мубориза бо вуруди паноҳандагон дар ҷараёни ҷанги дохилӣ дар Сурия таъкид кард.
Дар Туркия гурезаҳои сурӣ низ дар содир шудани ҷиноятҳо саҳм доранд. Аз ҷумла, дар соли 2020 37 ҳазор нафар ва соли 2021 бошад, 50 ҳазору 231 нафар ҷиноят содир кардаанд.
Масалан, соли гузашта дар ноҳияи Алтинтағ дар Анкара миёни туркҳои маҳаллӣ ва гурезаҳои сурӣ задухӯрд ба амал омад. Дар натиҷа як ҷавони турк бо зарби корд кушта шудааст. Вазир Сулаймон Сойлу гуфт, ки пас аз ин ҳодиса тақрибан 4500 нафар дар ин ноҳия ба минтақаҳои дигар кӯчида рафтаанд.
Ҷиноёту низоъҳо, ки тайи ин солҳо ба амал омадаанд, норозигии бисёре аз туркҳоро нисбат ба онҳо ба таври қобили мулоҳиза афзоиш додааст. Ин боиси афзоиши даргириҳои мухталиф алайҳи суриягиҳо дар ин кишвар шудааст.
Дар ҳоле ки ҳукумат аз додани шаҳрвандии беш аз 193 ҳазор суриёӣ истиқбол кардааст, аммо хабарҳое, ки давлати Туркия дар чанд соли ахир дар чаҳорчӯби як маъракаи махфӣ беш аз 155 000 паноҳандаи суриягиро ба таври иҷборӣ ба шимоли Сурия ихроҷ кардааст, болои амали наҷиб соя афкандааст.