Рубрики Хабарҳо

Ҷанги Укроин: Киев аз Иттиҳодияи Аврупо хост Путинро “ҷинояткори ҷангӣ” эълом кунад

Таҳоҷуми низомии Русия ба Укроин рӯзи панҷшанбе дар ҳоле вориди чаҳорумин ҳафтаи худ шуд, ки девони байналмилалии додгустарӣ аз Русия хостааст то амалиёти низомӣ дар Укроинро фавран ба ҳолати таълиқ даровард. 

Дар таҳаввули дигар мақомоти Укроин эълом кардаанд, ки артиши Русия сохтмони театри Мариуполро, ки “беш аз ҳазор нафар” дар он паноҳ гирифта буданд ҳадаф гирифтааст. 

Вазорати дифоъи Русия ҳамла ба театри Мариуполро такзиб кардааст. Мақомоти маҳаллӣ дар Мариупол, ки ба муҳосираи низомиёни Русия дар омадааст гуфтаанд, ки беш аз ду ҳазор нафар ғайринизомӣ то кунун дар ин шаҳр кушта шудаанд. 

Охирин ахбор ва таҳаввулоти муртабит бо ҳамлаи Русия ба Укроино дар рӯзи 17 март: 

 17.03.2022 23:05 

Созмони милал хоҳони таҳқиқ дар бораи талафоти густурдаи ғайри низомиён дар Укроино шуд 

Розмари Ди Корло, раиси бахши сиёсии Созмони милал хостори таҳқиқ дар бораи талафоти густурдаи ғайринизомиён ва тахриби садҳо сохтимони маскунӣ, мадраса, бемористон ва дигар зерсохтҳои ғайринизомӣ дар Укроино ва посухгӯии масъулон аст. 

Муовини дабири кулли Созмони милали муттаҳид рӯзи панҷшанбе дар Шӯрои амният гуфт, ки “қавонини байналмилалии башардӯстона дар манъи ҳамалоти мустақим ба ғайринизомиён дар амалиётҳои низомӣ ва тазмини ҳифозат аз онҳо, комилан шаффоф аст”. 

Бо ин ҳол ӯ гуфт, ки бисёре аз ҳамалоти рӯзона, ки шаҳрҳои Укроиноро мавриди ҳадаф қарор медиҳанд мунҷар ба талафоти ғайринизомӣ ва осеб ба зерсохтҳои ғайринизомӣ мешавад. 

17.03.2022 21:57 

Шолтс: паноҳандагони укроинӣ ба чолиши бузурге барои Олмон табдил мешавад 

Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон гуфт, ки теъдоди афзояндаи укроиниҳое, ки ба думболи паноҳандагӣ дар Олмон ҳастанд ба як “чолиши бузургг” табдил хоҳад шуд. 

Вай бо вуҷуди ишора ба ин чолиш гуфт, ки кумак ба иқомати укроиниҳо бо таваҷҷуҳ ба ин ки барои вуруд ба Олмон ниёзе ба визо надоранд ва дастрасии худкор ба муроқибатҳои беҳдоштӣ ва омӯзиш ва ҳамчунин давраҳои омӯзиши забон доранд бояд нисбатан осон бошад. 

Пулиси Олмон мегӯяд, ки то кунун номи наздик ба 190 ҳазор укроиниро, ки аз ҳамлаи Русия ба кишварашон фирор кардаанд, сабт кардааст. 

17.03.2022 23:10 

Блинкен: бо Байден мувофиқам, Русия муртакиби ҷинояти ҷангӣ шудааст 

Раҳбарони Иёлоти муттаҳида дар ҳоли ташдиди лафзии худ алайҳи Русия ҳастанд ба тавре ки Энтони Блинкен, вазири умури хориҷа гуфт бо он чи ки Ҷо Байден дирӯз матраҳ ва Путинро ба ҷинояти ҷангӣ муттаҳам кард, мувофиқ аст. 

Вай афзуд: “Ҳадаф қарор додани амдии ғайринизомиён, ҷинояти ҷангӣ аст. Барои ман душвор аст, ки натиҷа бигирам, ки русҳо хилофи ин корро анҷом медиҳанд.” 

Вай ба бомбаборони ҳавоии Русия аз ҷумла аҳдофи ғайринизомӣ мутааддид ишора кард. 

Блинкен таъкид кард, ки коршиносони мо дар ҳоли мустанадсозӣ ва баррасии ҷиноятҳои ҷангии эҳтимолӣ дар Укроин ҳастанд. 

17.03.2022 17:40 

Човушоғлу: Укроин мехоҳад, ки Туркия зомини тавофуқи эҳтимолӣ бо Русия бошад 

Вазири умури хориҷаи Туркия, ки рӯзи панҷшанбе ба Лвов дар ғарби Укроино сафар карда буд, аз дархости мақомоти укроинӣ барои он ки кишвараш зомини тавофуқи эҳтимолии сулҳ миёни Маскав ва Киев бошад, хабар дод. 

Човушоғлу бо таъкид бар ин ки пас аз сафар ба Укроин умеди кишвараш барои ҳусули тавофуқи оташбас миёни тарафайни даргир дар ҷанг бештар шуда, тасреҳ кард, ки Туркия аз сӯи Киев ба унвони яке аз зоминҳои амниятӣ пешниҳод шуда ва Русия низ мухолифате бо ин пешниҳод накардааст. 

Дар пешниҳоди матраҳшуда аз сӯи Укроин илова бар Туркия, панҷ узви доими Шӯрои амнияти Созмони милал ба ҳамроҳи Олмон низ ба унвони зомини амниятӣ муаррифӣ шудаанд. 

Вазири умури хориҷаи Туркия, ки пеш аз Укроин ба Русия низ сафар карда буд дар идома ёдовар шуд , ки дар сурати фароҳам шудани заминаи бастани тавофуқи оташбас миёни тарафайн эҳтимоли дидори раҳбарони Русия ва Укроино низ вуҷуд хоҳад дошт. 

17.03.2022 17:20 

Ҳазор довталаби чиченӣ дар роҳи Укроино 

Рамазон Қадиров, раҳбари ҷумҳурии Чичен, рӯзи панҷшанбе эълом кард, ки як ҳазор нафар аз афроди довталаби чиченӣ се ҳафта пас аз оғози таҳоҷуми низомии Русия барои ширкат дар ҷанг озими Укроино ҳастанд. 

Раиси ин ҷумҳурии худмухтори федератсияи Русия бо интишори паёме дар канали телеграмии худ эълом кард, ки яке аз бастагонаш раҳбарии ҳазор довталаби чиченӣ хоҳони ҳузур дар майдонҳои набард дар Укроинро дар бар ӯҳда дорад. 

Вай ҳамчунин дар ин паём аз таҳоҷуми низомии Русия ба Укроин ба унвони “амалиёти вижа барои ғайринизомӣ кардани Укроино” ёд кард. 

17.03.2022 17:32 

Кремл: Ҷанг имкони поксозии ҷомеаи Русия аз хоинонро фароҳам мекунад 

Кохи раёсатҷумҳурии Русия рӯзи панҷшанбе бо иқтибосе аз суханони бисёр тунде рӯзи гузашта Владимир Путин, таҳоҷуми низомии артиши ин кишвар ба Укроинро фурсате барои “поксозии ҷомеа” ва шиносоии “хоинон” арзёбӣ кард. 

Дмитрий Пескав, сухангӯи Кремл дар тавзеҳи ин матлаб гуфт: “Дар чунин шароите, бисёре аз мардум нишон медиҳанд, ки хоин ҳастанд ва аз ҷараёни зиндагии мо хориҷ мешаванд; Бархе истеъфо медиҳанд ва бархе кишварро тарк мекунанд. Ин як тозакунӣ аст. Бархе дигар қонунро зери по мегузоранд ва мутобиқи қонун муҷозот мешаванд.”  Шумори қобили таваҷҷуҳе аз шаҳрвандони рус, ки теъдоди дақиқи онҳо мушаххас нест тайи се ҳафтаи гузашта пас аз таҳоҷуми низомии артиш ба Укроин ба далели фишорҳо ва тангноҳое, ки аз сӯи мақомоти давлат бар онҳо таҳмил шуда кишварро тарк кардаанд. 

Сухангӯи Кохи риёсатҷумҳури Русия сипас муддаӣ шуд, ки “бисёре аз мардуми Русия хоҳони ҳимоят аз раисҷумҳур ҳастанд” ва “ин афрод аксарияти ҷомеаро ташкил медиҳанд.” 

Владимир Путин рӯзи чаҳоршанбе дар як суханронии аҷиб таҳоҷуми низомии кишвараш ба Укроинро як “муваффақият” хонд ва Ғарб ва таҳримҳои кишварҳои ғарбиро рӯйкарди нозиҳо дар тӯли ҷанги ҷаҳонии дувум муқоиса кард. 

17.03.2022 16:35 

Укроин: Дастикам 21 нафар дар ҳамлаи тӯпхонаии Русия ба шаҳр Мереф кушта шуданд 

Додситонии минтақаии Харков дар шарқи Укроин рӯзи панҷшанбе эълом кард дар ҷараёни ҳамалоти тӯпхонаии артиши Русия ба шаҳри Мереф воқеъ дар наздикии шаҳри муҳосирашудаи Харков дар шарқи Укроин дасти кам 21 нафар кушта шуданд. 

Дар баёнияи додситонии Харков омадааст, ки ин ҳамалоти наздики соати се бомдоди рӯзи панҷшанбе ба вақти маҳаллӣ анҷом шуда ва 25 захмь низ бар ҷой гузоштааст. 

Ба гуфтаи манбаъи ёдшуда, дар ин ҳамалот як мадраса ва як маркази фарҳангӣ вайрон шуда ва ҳоли дасти кам 10 нафар аз маҷрӯҳон низ вахим гузориш мешавад. 

17.03.2022 16:36 

Укроин аз Иттиҳодияи Аврупо хост Путинро “ҷинояткори ҷангӣ” бишиносад 

Вазири дифоъи Укроин рӯзи панҷшанбе аз Иттиҳодияи Аврупо хост Владимир Путин, раисҷумҳури Русияро ба унвони “ҷинояткори ҷангӣ” қаламдод кунад. 

Алексей Резников ҳамчунин аз кишварҳои аврупоӣ хост барои кумак ба Киев дар мубориза бо нерӯҳои Русия, таслиҳоти бештаре ба Укроин бифиристанд. 

Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико рӯзи чаҳоршанбе бо “ҷинояткор” хондани ҳамтои руси худ ба далели бомбаборони шаҳрҳои Укроин тавассути неруҳои таҳти амри ӯ, хашм Кремлро барангехт. 

Вазири дифоъи Укроин, ки барои аъзои кумитаи умури хориҷаи парлумони Аврупо сухан мегуфт дар идома таъкид кард: “Ин фақат як ҷанг нест, террори давлатӣ аст. Артиши муназзами мутаҷовизон бо огоҳии комил дар ҳоли нобудии ғайринизомиён ҳастанд.” 

Вай сипас аз ҳама аъзои парлумони Аврупо хост ба монанди Иёлоти муттаҳида, Владимир Путинро як “ҷинояткори ҷангӣ” муаррифӣ кунанд. 

Ба гуфтаи вазири дифоъи Укроин беш аз 400 мактаб, 110 бемористон ва ҳазор муҷтамаъи маскунӣ дар саросари Укроин се ҳафта пас аз оғози ҳамлаи артиши Русия ба куллӣ тахриб шудаанд. 

17.03.2022 14:41 

Дидабони ҳуқуқи башар: Укроин ба нақзи ҳуқуқи асрони рус поён диҳад 

Созмони дидабони ҳуқуқи башар дар баёнияе аз мақомоти Укроин хост то ба “нақзи ҳуқуқ”-и асирони рус поён диҳанд. 

Дар ин баёния омадааст: “Мақомоти Укроин бояд интишори видеоҳои сарбозони руси баасоратдаромада дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳоро мутаваққиф кунанд.”

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *