Рубрики Хабарҳо

Як нукта ва се паёми номаи модари Гулбиддин ба мақомот

Ба баҳонаи Ҳафтаи Сино Ҳасанзода

Ҳафтаи ҷорӣ аз сӯи дӯстон дар КШГНЗС барои зиндонии сиёсӣ, раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Панҷакент, Сино Ҳасанзода ихтисос дода шудааст. Азизони хонанда метавонанд бо руҷӯъ ба сойти “”, бо шарҳи ҳоли Сино Ҳасанзода ва чароии боздошт ва зиндонӣ шуданаш ошноӣ пайдо кунанд.

Ва аммо мавзӯе, ки нигоранда барои ёддошти ин ҳафта барои баҳс интихоб кардам, номаи кӯтоҳ, вале пурмуҳтавои бону Певисатамоҳ Абдулмӯъминова, модари шаҳид Гулбиддин Зиёбеков — ки дар воқеъ, дуои ин модари ҷигарсӯхта аст — ба масъулони “ҳукумати нав” мебошад.

Номаи ин модари ғамдида ҳарчанд хитоб ба “ҳукумати нав” навишта шуда, вале ба назарам, мухотаби он ҳамаи мо бидуни истисно яъне тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастем.

Ибтидо, асли ин номаро меоварам, сипас як нукта ва се паёме, ки номаи мазбур дарбар дорад, ёдовар мешавам:

Асли ба шарҳи зерин аст:

Иди Наврӯз муборак, ҳукумати нав!

Ҳамаи онҳое, ки дар қатли писарам чун ҷосус иштирок доштанд, мисли ман сиёҳпӯш, ҷигарпора, заиф ва мотам насибашон шавад!

Аз парвардигор умед дорам, ки дари ғам ба рӯяшон кушода шавад, 7 тири ҷигарам насиби фарзандҳояшон гардад!

Рӯзи сиёҳи ман дар хонаҳошон макон гирад, ашки ғам аз чашмошон пок нашавад!

Худо ҷони фарзандонашонро бигираду мисли ман бисӯзанду биноланд! 

Ин суханони табрикотии худро ҳар шому саҳар такрор мекунам. 

Ин суханони модаре, ки дар ҳаққи фарзанди шаҳид сӯхта хокистар шуда истодааст. 

Певиста (имзо)

Дуои модар қатъан мустаҷоб аст

Нуктае, ки мехоҳам арз кунам ин аст, ки аз назари ойини Ислом, аз миёни дуоҳои бандагон чанд маврид ҳаст, ки қатъан мустаҷоб мешаванд, аз ҷумла дуои мазлум ва дуои модар, агарчӣ кофир ё маъсияткор бошанд. Дар ҳадис аз вуҷуди мубораки ҳазрати Паёмбар (с) аст, ки мефармояд:

اتَّقوا دعوةَ المظلومِ، وإن كان كافرًا، فإنه ليس دونها حجابٌ

Аз дуои мазлум бипарҳезед (ки мабодо бар шумо дуо кунад), ҳарчанд кофир аст, зеро пеши роҳи ин дуо пардае вуҷуд надорад. (Яъне, байни дуои мазлум ва Худо парда ва ҳиҷобе нест, ки монеъ аз қабул шуданаш гардад, мусалламан дуои вай мустаҷоб мешавад).”

(Ривояти Анас ибни Молик, Албонӣ дар “Ҷомеъус-саҳеҳ” ин ҳадисро ҳасан донистааст.)

Ва ҳам ӯ (с) фармуда:

ثلاث دعوات مستجابات، لا شك فيهن: دعوة المظلوم، ودعوة المسافر، ودعوة الوالد على ولده

Се дуо ҳаст, ки мустаҷоб мешаванд ва шакке дар қабул шудани онҳо нест: дуои мазлум, дуои мусофир ва дуои модар бар фарзандаш.”

(Тирмизӣ ва Абӯдовуд нақл кардаанд, Тирмизӣ онро ҳасан шумурда)

Бону Певистамоҳ Абдулмӯъминова, ҳам як мазлум аст ва ҳам як модар. Ӯ мазлум аст; мазлум ба тамоми маънои калима. Агар имрӯз дар дунё ситамдида ва мазлуме ҳаст, бешак ин модар ҳам ӯст.

Барои чӣ писари ӯ дар пеши чашмонаш ва дар малаъи омм, он ҳам ба як сурати фаҷеъ кушта шавад? Барои чӣ? Магар ин модар муртакиби ҷурме шудааст?

Писари ӯ чаро кушта шавад? Магар дифоъ аз ҳарими як зан аз таҷовузе, ки ба ӯ мешавад, он ҳам таҷовуз аз ҷониби як масъули давлатӣ, ҷурм аст? Ин ҷавонро, ки ба қатл расонданд, сабабаш дифоъи ӯ аз як зан аст.

Бинобар ин, дуое, ки ин модари ҷигарсӯхта алайҳи омилони қатли фаҷеъи писараш кардааст, бешак ва мусалламан мустаҷоб мешавад. Ва ҳамагон шоҳиди мустаҷоб гардидани дуои ӯ мешавем. Банда кучактарин тардиде дар ин надорам.

Асосан, дуои модар алайҳи касе, ки одами хуб аст мустаҷоб мешавад, то чӣ расад ба як золим ва ситамгар. Аллома Замахшарӣ, соҳиби тафсири шарифи “Ал-кашшоф” – ки қадру манзилати ин марди донишманд барои касе пӯшида нест — нақл мекунад, ки аз ӯ сабаби қатъи пояшро пурсиданд. Ҷавоб дод, ба ҳангоми кӯдакӣ гунҷишкеро ба даст овардам ва парҳояшро кандам ва сипас ба пояш нахе бастам. Рӯзе гунҷишк фирор кард ва дар як сӯрохӣ фурӯ рафт. Аз пайи ӯ давидам, миқдоре аз нах боқӣ монда буд, онро гирифтам ва он қадр кашидам, ки як пойи он ҳайвон қатъ шуд. Модарам вақте ин моҷароро дид, барошуфт ва гуфт: “Худованд поятро қатъ кунад, чунонки пойи ин забонбастаи бегуноҳро қатъ кардӣ!” Аллома Замахшарӣ сипас мегӯяд, вақте ба синни ҷавонӣ расидам, дар сафари Бухоро аз асп пойин афтодам ва поям шикаст ва ҳарчанд муолиҷа кардам, вале фоидае набахшид, он вақт ногузир қатъаш карданд.

Се паёме, ки ин нома дарбар дорад:

Ва аммо се паёме, ки ин нома дарбар дорад, ба шарҳи зерин аст:

1) Паёми аввали ин нома ба кулли шаҳрвандони Тоҷикистон аст, ҳама, бидуни истисно.

Ҳам ба он модарони тоҷике, ки фарзандонашон ба дасти нерӯҳои амниятӣ ва интизомии Раҳмон кушта ё мавриди анвоъи фишорҳо қарор мегиранд ва ё ҷанозаи онҳо аз Русия меояд — ки тақсир ва кӯтоҳӣ дар он, қатъан мутаваҷҷеҳи Раҳмон ва ҳукумати ӯст – ва онҳо ба ҷойи эътироз, мегӯянд, тақдираш чунин ва дар пешониаш чунон навишта шуда будааст.

Ва ҳам ба он падарон ва ҷавонони тоҷике, ки дар баробари анвоъу ақсоми фишорҳо ва озору азиятҳое, ки аз сӯи Раҳмон ва навкаронаш мешавад, аз тарсу ҳарос “сабр” бар ин мусбатҳоро пеша кардаанд.

Ва ҳам ба он ба истилоҳ, “зиёиён” ва “ҷомеаи шаҳрвандии тоҷик” ва “мудофеъони ҳуқуқи инсон” ва созмонҳое, ки унвони “дифоъ аз ҳуқуқи инсон”-ро барои худ интихоб ва аммо ба ҷойи дифоъ аз ҳаққи сокинони бепаноҳи Бадахшон, дам аз “ҳуқуқи” тоҷикон ва занон дар Афғонистони Толибон зада ва дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ барои ҳамзабонони худ дар ин кишвар чунон сару садо роҳ меандозанд, ки гӯшҳо аз шунидани он пора мешавад.

Ва ҳам ба он рӯзноманигорон ва хабарнигорони тоҷик дар расонаҳои байналмилалӣ ва гуногуни ҷаҳонӣ, ки гӯӣ ҳодисаҳои талхеро, ки дар Бадахшон мешавад намебинанд ва аммо ҳамвора дам аз “ҳуқуқи” инсонҳо дар соири кишварҳо – масалан, Укройн – мезананд ва ба ҷойи як эътирозак ба Раҳмон ва навкаронаш, алайҳи Путин даҳон ба эътироз кушода ва ҳар чи аз нафрин, ки ба зеҳнашон расид, нисори Путин мекунанд.

Паёми ин модари ҷигарсӯхта ба ҳамаи номбурдаҳо ин аст:

Сари худ аз фурӯ бурдан ба замин аз ин ҳама ҳодисаҳои талх ва ситамҳое, ки ба мову шумо аз сӯи Раҳмон ва навкаронаш мешавад, бардоред! Ман, ки тавонистам алайҳи мақомоти кунунӣ эътироз кунам, мусалламан шумо ҳам метавонед. Фақат як ҷуръат ва ҷасорат кофист! Натарсед!

2) Паёми дигари номаи ин модари ғуссадида он аст, ки эй мардони Тоҷикистон, ба хусус ҷавонон, ғаюр бошед! Мисли писари шаҳиди ман, Гулбиддин дорои чунон ғайрат бошед, ки вақте хоҳаратон мавриди таҷовузи як номард қарор мегирад, бапо хезед ва монанди писари ман то дами марг аз Зан-Модар дифоъ кунед!

Ин модар ба забони безабонӣ мегӯяд: эй мардони Тоҷикистон! Ба ҳадде беғайрат гаштаед, ки вақте ҷавонеро, ки ба дифоъ аз номуси хоҳари шумо ва як Зан-Модар бархостааст ба қатл мерасонанд, шумо сукут мекунед! Як сукути маргбор.

3) Ва аммо паёми севвуми ин нома — ки ҳарчанд метавон онро машмули паёми аввал донист, вале ба хотири аҳаммияташ, ба сурати алоҳида овардаам — ба ҳокими кишвар, ки худро ба истилоҳ, “Пешвои Миллат” хонда ва кулли мақомоти тоҷик ва ба вежа мақомоти Бадахшон аст. Ва он ин аст:

Фикр накунед, ки ҳар чи аз зулму ситам, ки дилатон мехоҳад, алайҳи мардуми шарифи Тоҷикистон мекунед, вале онҳо чизе намегӯянд ва кулӯх ба лаб мегиранд!

Ҳаргиз чунин нест!

Ин мардум, ба хусус модарони доғдида, рӯзе алайҳи шумо мешӯранд ва дамор аз рӯзгоратон дармеоваранд ва аз арш пойинатон мекашанд.

Ҳанӯз дер нашуда, даст аз зулму ситам бар мардуми ин сарзамин, ба хусус сокинони Бадахшон бардоред!

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *