Раҷаб Таййиб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия ва Шавкат Мирзоев, ҳамтои узбекистонии вай пас аз дидори дуҷониба ва ширкат дар нишасти Шӯроии ҳамкориҳои роҳбурдӣ дар сатҳи олӣ дар маросими имзоии санадҳои ҳамкорӣ ширкат карданд.
Дар ин нишаст “баёнияи муштараки натоиҷи дувумин нишасти Шӯрои ҳамкории роҳбурдии сатҳи олии Туркия ва Узбекистон” ба имзои Урдуғон ва Мирзоев расид.
Ду кишвар дар ҳавзаҳои тиҷорат, низомӣ, улуми қазоӣ, беҳдошт ва кору амнияти иҷтимоӣ санади ҳамкорӣ имзо карданд.
Раҷаб Таййиб Урдуғон тайи нишасти хабарии муштарак бо Шавкат Мирзоев, ҳамтои узбекистонии худ изҳор дошт: Дар натиҷаи музокирот бо Узбекистон, равобити ду кишвар ба сатҳи мушорикати роҳбурдии ҳамаҷониба боло рафтааст.
Вай афзуд: “Ҳаҷми тиҷорати мо дар соли гузашта бо афзоиши наздик ба 72 дарсад аз 3.6 миллиард доллар гузашт. Дар камтарин вақт, ки ҳадафи мо як сол аст, ба ҳадафи 5 миллиард доллар мерасем, сипас ба ҳамин ҷо басанда намекунем, бо иқдомоти муштараке, ки баъдан анҷом хоҳем дод, ин рақамро ба 10 миллиард доллар хоҳем расонд”.
Вай идома дод: Имрӯз тавофуқномаҳое дар заминаи санъати дифоъӣ имзо кардем ва бо ин тавофуқномаҳо омода ҳастем то имконоти худро дар санъати дифоъӣ бо шумо дар миёни бигузорем ва муваффақиятҳое, ки Туркия дар ин замина ба даст овардааст низ мушаххас аст”.
Урдуғон бо ишора ба тақвияти ҳамкориҳо дар заминаи гардишгарӣ низ гуфт: “Соли гузашта бо шикасти рекорд аз беш аз 270 ҳазор бародари узбек дар Туркия мизбонӣ кардем, ки имкони афзоиши ин ҳадаф ба 500 ҳазор вуҷуд дорад. Мо мувофиқем ҳамкории худро дар тайфи васее аз заминаҳо аз ҳамлу нақл гирифта то энергӣ, аз беҳдошт то омӯзишу фарҳанг густариш диҳем”.