Роберт Ҳабк, вазири иқтисоди Олмон чаҳоршанбе аз фаъол кардани марҳалаи аввал аз тарҳи изтирорӣ барои тазмини таъмини гази табиӣ дар сурати қатъи эҳтимолии содироти гази Русия хабар дод.
Вай таъкид кард барои “ёфтани роҳҳали беҳтар” дар Ввазорати иқтисод як “воҳиди буҳронӣ” ташкил шуда, ки тарҳи ҷадид ҳам натиҷаи кори ин гурӯҳ аст.
Ба тозагӣ Владимир Путин, раисҷумҳури Русия аз харидорони аврупоии гази Русия хост то ҳазинаҳоро ба рубл пардохт кунанд.
Роберт Ҳабк дар гуфтугӯ бо расонаҳои олмонӣ таъкид кард, ки “тарҳи ҷадид се марҳаларо дар бар мегирад.” Аввалин гом таъмини амнияти газ барои тамоми шаҳрвандони Олмон аст.
Вай гуфт дар ҳоли ҳозир танҳо 25 дарсад аз захоири газии кишвар боқӣ монда, ки дар сурати қатъи содироти гази Русия ин мавзӯъ “пайомадҳои ҷиддӣ барои Олмон дорад” бо ин ҳол “Олмон метавонад бо ин мавзӯъ канор биёяд.”
Вазири иқтисоди Олмон ба хабарнигорон итминон дод, ки дар ҳоли ҳозир раванди содироти гази Русия тибқи маъмул анҷом мешавад ва тарҳи ҷадид танҳо барои “пешгирӣ аз ҳаргуна буҳронӣ шудани авзоъ дар кишвар” аст.
Олмон ва Фаронса пештар эълом карда буданд, ки ҳозир нестанд хазинаи гази Русияро ба рубл пардохт кунанд. Ин дар ҳоле аст, ки кохи Кремл рӯзи сешанбе бори дигар бар ин хостаи Владимир Путин таъкид кард ва гуфт, ки “мухолифати кишварҳои дарёфткунандаи гази Русия ва узви гурӯҳи ҳафт, мабнӣ бар адами пардохти хазинаи ин ҳомили энергӣ бе рубл, ғайри қобили қабул аст.”
Дмитрий Песков, сухангӯи давлати Русия гуфт: “Ҳеҷ кас қарор нест газро ба сурати ройгон таҳвил диҳад. Ин ғайримумкин аст ва шумо фақат метавонед хазинаи онро ба рубл бипардозед.”
Қарор аст рӯзи панҷшанбе давлати Русия, Бонки марказӣ ва ғӯли газии Русия Газпром гузорише дар бораи эҷоди системи пардохти рублӣ ба Владимир Путин ироа кунанд.
Олмон ва Фаронса мегӯянд раванди пардохти хазинаи гази Русия ба рубл “нақзи матни қарордоди ин кишварҳо бо Русия аст” ва ба ҳамин далел ин кишварҳо ҳозир нестанд ба ин дархост тан диҳанд.