Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои AFC-2022 аз дастаи «Шарҷа»-и Амороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 2:1 мағуб гашт ва имкони баромад аз гурӯҳро барои худ душвор сохт.
Аз ҳайати дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе голи ягонаро капитани даста Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 29-уми бозӣ ба нишон расонид. Голҳои дастаи «Шарҷа»-и Амороти Муттаҳидаи Арабро Кайо Лукас Фернандес, дар дақиқаи 54 ва Бернард Анисио, дар дақиқаи 57 ба ҳадаф расониданд.
Чанд рӯз пеш дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар бозии нахустинаш дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2022 дар гурӯҳи «А» аз дастаи «Ал-Райян»-и Қатар бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуд. Голҳоро дар ҳайати дастаи «Истиқлол» Шаҳром Сулаймонов ва легионери узбекистонӣ Муҳаммад Исоев ба нишон расонида буданд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бозии навбатии худро дар мусобиқаи пурнуфузи қораи Осиё 15 апрел бо пешсафи гурӯҳи «А»- дастаи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ, ки дар оғози Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2022 пайи ҳам ду пирӯзӣ ба даст овард, анҷом медиҳад.