Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон аз сармоягузорони Олмон даъват кард, ки дар саноатикунонӣ, тақвияти иқтидори содиротӣ, рушди иқтисоди сабз ва рақамии кишвар сармоягузорӣ намоянд.
Дар мулоқоти ҳайати Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо раҳбарии вазир Завқизода бо ҳайати расмии сармоягузорони Олмон, таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи шарқии Иқтисодии Олмон Михаел Ҳармс Завқизода Завқи гуфтааст муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромаданд.
Ба гуфтаи ӯ “ҳаҷми гардиши савдои хориҷии мутақобила бо Олмон дар моҳҳои январ-июни соли 2023-юм 93,9 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 50 млн. доллар ё 2,1 маротиба афзоиш ёфтааст” ва “бо назардошти захираву имкониятҳои васеи ҷонибҳо ҳаҷми ин нишондиҳанда метавонад боз ҳам баландтар карда шавад”.
Иттилоъ дода шудааст, ки дар рафти вохӯрӣ вазири рушди иқтисод ва савдо аз сармоягузорони Олмон барои маблағгузории соҳаҳои иқтисоди миллӣ, аз ҷумла саноатикунонӣ, энергетика, тақвияти иқтидори содиротӣ, рушди иқтисоди сабз ва рақамӣ дархост кард, ки аз ҷониби онҳо хуб пазируфта шуд.